Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хуллас, эй чашм,
Эй равонбахши зиёҳо,
Хуллас, эй гўш,
Эй навосанҷи самоҳо,
Хуллас, эй даст,
Эй яке ҳамдасти дунё,
Хуллас, эй по,

Раҳрави подору барпо,
Хуллас, эй ақли ҳамадон,

Бо дили ман душмани ҷон,
Бо шумо дар роҳи қисмат
Панҷ оҳам сода ёри роҳ шуд,
Панҷ оҳам
Оқибат панҷоҳ шуд.
Ғамбару бахтовари ман
Бахтам – рухи дилҷўи ту, ман бахтиёрам, модарам,
Тахтам – сари зонуи ту, ман шаҳриёрам, модарам.
Ҷон модарам,
Ҷон модарам,
Эй ғамбару бахтоварам,
Розу ниёзат дар дилам,
Дасти дуоят бар сарам.
Аз аллаи пурсўзи ту оғоз шуд сози дилам,
Дасти дуои ту бувад шаҳболи парвози дилам.
Бошад сафои субҳи ман аз чеҳраи нурониат,
Авҷи умедам додаӣ бо тинати кайҳониат.
Ҷон модарам,
Ҷон модарам,
Эй ғамбару бахтоварам,
Розу ниёзат дар дилам,
Дасти дуоят бар сарам.
Мислат набошад дар ҷаҳон ҳамрўҳи ман, ҳамроҳи ман,
Аз дарди ман, аз сўзи ман, аз рози ман огоҳи ман.
Бедорбахтии ман аз бедорхобиҳои туст,
Дар некбахтиҳои ман холӣ ҳамеша ҷои туст.
Ҷон модарам,
Ҷон модарам,
Эй ғамбару бахтоварам,
Розу ниёзат дар дилам,
Дасти дуоят бар сарам.
Осон зи ту ҷумла мушкили мо
Одам ҳама умр хонаву дар гўяд,
Фарзанду зану ёру бародар гўяд,
То нон ба лабаш расад, надорад парво,
Чун ҷон ба лабаш расид, модар гўяд.
Модар, модар, ҷону дили мо – модар,
Осон зи ту ҷумла мушкили мо, модар.
Модар на самову на замин мехоҳад,
На тоҷи шаҳону на нигин мехоҳад,
То дар ҳаваси роҳати тифлони худ аст,
Ў роҳати ҷумла одамин мехоҳад.
Модар, модар, ҷону дили мо – модар,
Осон зи ту ҷумла мушкили мо, модар.
Эй ёр, биё, ки ёри модар бошем,
Зўрем агарчи, зори модар бошем,
Як умри дароз беқарораш кардем,
Як лаҳза пайи қарори модар бошем.
Модар, модар, ҷону дили мо – модар,
Осон зи ту ҷумла мушкили мо, модар.
Фидои модар
Маро ба дида бошад ҳамеша ҷои модар,
Фидои ман бувад ў, манам фидои модар!
Зи ҷони худ гузар кард, чу ҷон маро ба бар кард,
Маро чу тоҷи сар кард, сарам ба пои модар!
Барои ман ба сад ноз кунад кафи дуо боз,
Марост боли парвоз кафи дуои модар.
Сарам расад ба ахтар, дилам шавад мунаввар,
Таронаам кашад пар чу аллаҳои модар!
Ғазали ҷанозаи модар
Аз ҳавасҳоят маро бунёд кардӣ, модарам,
Ин мани вайронаро обод кардӣ, модарам.
Рўзгорам то шавад афсонавӣ, шабҳои тор
Баҳри ман афсонаҳо эҷод кардӣ, модарам.
Бо муҳаббатҳову заҳматҳо марову хешро
Шод кардӣ, модарам, ношод кардӣ, модарам.
Пахш кардӣ эй басо фарёдро дар хештан,
Солҳо дар хештан фарёд кардӣ, модарам.
Сўхтӣ дар хештан ҳамчун чанорони куҳан,
То маро дар сояи худ шод кардӣ, модарам.
Рехтӣ оби ду чашмамро, аё эй обугил,
Хоки уммеди маро барбод кардӣ, модарам.
Дафтари дарди34 туро ҳар лаҳза мехонам бадард,

«Таърихи беморӣ»
Дафтаре аз дардҳо эҷод кардӣ, модарам.
То қиёмат бар дари додор гўям додҳо:
Рафтию бо ман чунин бедод кардӣ, модарам!
Қадри модарро бидон…
Хоҳӣ инсон бошӣ, эй ҷон, қадри модарро бидон,
Бештар аз қадрдонон қадри модарро бидон.
Ў ҷаҳон бахшида бар ту, бахти худро дида дар ту,
Бахти худ зоеъ магардон, қадри модарро бидон.
Доим аз як каф дуояш, аз нигоҳи пурсафояш
Мушкилат мегардад осон, қадри модарро бидон.
Аз намозат нест суде, гар ба ў н-орӣ суҷуде,
Гар бихоҳӣ файзи имон, қадри модарро бидон.

пешина
аз 235
навбатӣ