Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Миёни оташи сўзони давр рўшан бин,
Ки дуд кардану рўшан насўхтан мўд аст!
Басо ба зери кулаҳхўд бесарист ниҳон,
Гумони ҷумла, ки сар зери ҳар кулаҳхўд аст!
Дар ин замонаи пурдуд пок месўзам,
Ки дар дил оташи бедуд – меҳри Маҳмуд аст.
Ба ҷумла ҳамдили ҳамдаст ёри ҳампо ўст,
Ба ҷумла ҳамдили подор медиҳад ў даст!
Ҳамон набуд, ки бо ман хулосаи дил гуфт:
Тамоми дер, ки ояд ба кори дил, зуд аст!
Аз ин барои дилу ҷон даме наосудан
Ба ғайри судани ҷону дилаш куҷо суд аст?
Чи сон насўхтан ўро касе бифармояд,
Ки сўхтан хушу рўшан Худо-ш фармудаст!
«Бародарӣ ба ҷаҳон нест!» - гуфта будам ман,
Валек дидамашу гуфтам: «Эй ҷаҳон, будаст!»


Барои Абдураҳмон Абдуманнон
Бо «Баҳористон» шудам пайваст.
Оё аз хазон растам?
Бо «Баҳористон» шудам пайваст.
Оё баъд аз ин як булбули мастам?
Баъд аз ин оё фақат бо булбулон ҳамшину ҳамхезам?
Баъд аз ин ман ҳамнафас оё фақат бо боди гулбезам?
Баъд аз ин
Оё фақат
аз соғари гулғунча
шабнамбодаи субҳи сафобахшой менўшам?
Вақти хобам чодари гулбарг мепўшам?
Рўи махмалсабзаҳои боғ мехобам?
Мешавад қандили шаб бедоғ маҳтобам?
Мешукуфад нусхаи Ризвон дар атрофам?
Духтари шоҳи париҳо мебарад бар қуллаи Қофам?
Нусхаи Кавсар ба пеши хонаам сар мезанад аз хок?
Хизргуна пеши маргу пеши маҳшар мешавам бебок?
Бо «Баҳористон» шудам пайваст,
Яъне, бо баҳору гул,
Дар баҳорон марди деҳқон метавонад лаҳзае осуда бошад?
Бе ғаму ташвиш боре буда бошад?
Метавонад лаҳзае фориғ зи обу дон бихобад?
Бе хаёли хирмани пурбори фардои «Баҳористон» бихобад?
Метавонад аз замину кишти худ як дам наандешад?
Рўзу шаб аз гулшани фардои худ хуррам наандешад?
Метавонад эмин аз бухлу ҳасад бошад?
Чашмпўш аз чашми бад бошад?
Бо «Баҳористон» шудам пайваст.
Оё заҳмати гулпарварӣ саҳл аст?
Ҷовидон бояд бимонад ғунчааш хандон,
Дастагулҳояш шавад пайвандсози меҳрпайвандон.
Ҷовидон рўшан бимонад боядо оинаи обаш,
Аз ғубори ахтарони қалбакӣ эмин бимонад авҷи маҳтобаш,
Дар фазо бояд бипечад савти ноёбаш.
Хуллас, эй ёрон,
Ки худ аҳли заминед,
Аҳли киштед,
Аҳли коред,
Ҷумла худ аҳли «Баҳористон»-у муштоқи баҳоред,
Дар «Баҳористон» магар худ заҳмати сангин надоред?
Баски як ҷузви шумоям,
«Ман» наям, як ҷузви «Мо»-ям,
То ки ҳастам,
Гулнишонам,
гулфишонам,
гулпарастам,
То тавонистам, яхи дилҳо шикастам,
То тавонистам, нахи ноҳамдилиҳоро гусастам,
Дил накандам,
дил бубастам.
То даме дар қисматам ҳаст,
Чун шумо
Ман низ аз ин заҳмати сангин нахоҳам раст…
Бо «Баҳористон» шудам пайваст.
Тафсири панҷ оҳ
Чашми ман
Як умр
Гўё мекашид оҳ,
Чунки
То як чашм мезад,
Субҳи ман мегашт бегоҳ;
Субҳи поки ман,
Ки зеби дида буду диданӣ буд.
Гўши ман
Як умр
Гўё мекашид оҳ,
Чунки
Умре
Мекушод оғўшро
Бар ҳарфҳои дилкашу бишниданӣ,
Аммо
Чор сўяш
Пур зи ҳарфи дилкушу нашниданӣ буд.
Дасти ман
Як умр
Гўё мекашид оҳ,
Чунки
Чун як даста нури офтоби субҳ
Сўи зиндагӣ мешуд дароз,
Дасти ҳамдастии ўро
Боз ҳам медид кўтоҳ.
Пои ман
Як умр
Гўё мекашид оҳ,
Чунки
Умре роҳҷўи роҳи дил буд,
Лек дар ин роҳ
Аксар ёри гил буд.
Ақли ман
Як умр
Гўё мекашид оҳ,
Чунки
Бас мехост,
Аммо ҳамнафас бо дил нашуд,
Дар ҷудоиҳо зи дил комил нашуд,
Ақл шуд охир,
Вале оқил нашуд.

пешина
аз 235
навбатӣ