Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Эй боғи пурхазони дил, инак, ба фасли дай Бо боғи гул зи ҳосилаи худ ҳикоя кун.
Аз обугил агар гиларо сода бишмарӣ, Бар обугил ту аз гилаи худ ҳикоя кун!
Ҳар барг дар тани ў
Як панҷаи кушода-ст,
Алвонҷи баргҳояш
Зарбе ба рўи бод аст.
Набвад ҳазин, ки қисмат Дар варта дода ҷояш,
Дорад зи домани умр
Бо дасти решаҳояш.
Аз он ниҳоли танҳо
Панде гирифтаам ман –
Дар гирудори қисмат
Хам гашта, ношикастан.
К а т и б а ҳ о
Дар пештоқи масҷиди миллат Аз рози ту мо ниёзи миллат дидем, Аз сўзи ту мо гудози миллат дидем, Арзанда имоми ҳозири халқ туӣ, Аз сидқи ту мо намози миллат дидем.
Дар курсӣ
Ба ҳар мансаб расидан бошад осон, Ба гайр аз мансаби волои Инсон.
Дар шона
Дар пеши парешонии мўят чу пареш аст, Дар пеши парешонии мо шона чи бошад?!
Дар санги чашма
Дар биёбони ташнагӣ, валло, Оби боқӣ хуш аст аз оби бақо!
Дар асобағал
Аз пайи пошикастагон бидавӣ, Охири кор пошикаста шавӣ!
Дар табрикномаи 50-солагӣ Бероҳаи умри ту ҳама роҳ шавад!
Дур аз дили ту ҳама ғаму оҳ шавад!
50-и ту, эй дўст, муборак бодо, 50-и ту, эй кош, ду 50 шавад!
Субҳ агар дод Худо, бин, ки сафо низ диҳад, Бол агар дод туро, авҷи фазо низ диҳад.
Роҳ бар сўи сафо гир дар ин субҳи сафо, Ки ба дил қувват агар дод, ба по низ диҳад.
Гар ба чашми ту зиё дод, зи шукрона мапеч, Гў дуо низ, ки бар қалб зиё низ диҳад.
Дастгират бишавад, дод агар дасти расо, Дод чун пои равон, ризқи раво низ диҳад.
Пеши ҳар банда ба уммед макун сарро хам, Сарбаландӣ биталаб, то ки Худо низ диҳад.
Пеши ҳар бесаре аз бекулаҳӣ нола макун, Он Худое, ки сарат дод, куло низ диҳад.
Ману ту кардани мо баҳри талаб беҳуда-ст, Гар маро дод Худованд, туро низ диҳад!
Эй дили хаста, ба уммеди саломат хуш бош, Он Худое, ки диҳад дард, даво низ диҳад.
Ман некро ба раъйи касон бад нагуфтаам, Якро барои нафъи худам сад нагуфтаам.
Пайғомбартарош басо дид чашми ман, Касро аз он миёна Муҳаммад нагуфтаам.
Онро, ки бесарона сари кор омадаст, Аз тан равад сарам, ки саромад нагуфтаам.
Ҷуз оби рўи хешу ҷуз обичаҳои даст Ман ганҷи ғайрро хушу сармад нагуфтаам.
Аз ганҷҳои рўи ҷаҳон ҳеҷ ганҷро Ҷуз ишқи пок давлати беҳад нагуфтаам.
Як умр сўи қиблаи дил саҷда кардаам, Ҷуз сўи нахли нози қаде қад нагуфтаам.
Охир хушам ба лаҳзаи рафтан, ки солҳо Хуш гуфтаам, валек хушомад нагуфтаам.
Кори боло буду бар кори бало туҳмат задем, Амри қозӣ буду бар амри қазо туҳмат задем.
Куҳнаандарзи ниёро то ба гўши ҳуши мо Кардилӣ гуфто наё, мо бар ниё туҳмат задем!
Дода ҷо бар гўши кар дар пешгоҳи мағзи сар, Бин ту пастиро – ба пастии садо туҳмат задем!
Даст, чун дидем, аз иқди Сурайё кўтаҳ аст, Бар замин аз хашм пову бар саро туҳмат задем.
Он ба манзил норасиданҳо зи дасти по набуд, Мо вале аз дасткўтоҳӣ ба по туҳмат задем.
Як ҷалабро дида, бар сад ҷолиб афшондем даст, Бевафоӣ дида ҳар ҷо, бар вафо туҳмат задем.
Ғарқа андар ҷоми бадбў, бодӣ аз боди сабў, Бо димоғи баста бар боди сабо туҳмат задем.
Донае нокишта, нолидем: хирманмон надод!
Мо зи худхоҳӣ, Худоё, бар Худо туҳмат задем!
Чун шавад аз гарди гардиш пок рўзе чашми мо, Он замон бинем рўшан – мо ба мо туҳмат задем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё