Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Метаровид қатраҳои арақ, Дар рухаш зарра-зарра дур мешуд…
Гушнагиҳо зи ёди ман мерафт, Сурфа гоҳе зи кулча пур мешуд.
…Боз дар осмони барфолуд Бод чун орд барфро безад, Модарам гўӣ орд безад боз, Мухпараш рўи кулча гул резад…
Ғазали шомгаҳ
Барои бародарам
Шаб сиёҳу тифлаки ман мемакад шири сафед, Хотирамро чун китобе сафҳагардон мекунад.
Хандаҳояш дар фарози хона чун пар мезанад, Пеши чашмам тифлиамро боз гирён мекунад.
Модари зорам даравгар буд, чун мардони деҳ Баҳри ўву баҳри ман рафтанд бар ҷанги шадид, Худ гаҳе мехўрду гаҳ не пораи нони сиёҳ, Ҳар шабе медод бар ман ў вале шири сафед.
Шира мешуд шири ў дар ҷони беозори ман, Дар лабу рўям равон мегашт гоҳе мисли ҷў, Буд ҳар як ҷўя чун як мисраи шеъри сафед, Шояд аз он дам бишуд шеъри сафедам орзў…
Чашмаи шири сафеди модарам гардид хушк, То шуд аз дил чашмаи шеъри сафеди ман равон…
Шира бандад шеъри ман чун шири модар дар лабе, Дар дилам бигрифта ҷо ин орзўи ҷовидон…
…Дар канори гарми модар тифли ман То саҳаргаҳ хоб буд, андар лабаш шири сафед, Ман, ду чашмам бар рухи ў, Ҳастиам бо ёди тифлӣ,
То саҳар бедор будам дар лабам шеъри сафед.
Падар
Бо сад уммед мениҳад гаҳ-гаҳ Падарам по ба остонаи ман, Бишканад то ки ормонаш боз, Дида обод хону хонаи ман.
Кўдакони маро гирифта ба бар, Менавозад ба меҳру мебўсад, Ў диламро вале намехонад, Ҳеҷ аз шеъри ман намепурсад.
Лаби нонам ба шукр бишканад ў, Дилпур аз пуррагии ҷони ман аст, Шодиҳояш зи шеърҳоям не, Шодиҳояш зи кўдакони ман аст.
Барад аз ёд хешро ҳатто, Кўдакони маро гирифта ба бар, Кўдакии маро ба бар гирад Дар хаёлам, бамеҳр бори дигар.
Гули гулдон
Гули гулдон ғаме дар дил надорад, Ки зебу зинати ин хонадон аст, Чу меҳмони азизу дилписанде Ҳамеша пеши чашми мизбон аст.
Надорад аз шамоли тунд тарсе, Ҳаросаш нест ҳам аз селборон.
Ҳама гулҳои саҳроӣ бимиранд, Бимонад ў вале дар хона хандон…
Раҳи якрў набуда лек тақдир, Ҳама кори ҷаҳон поён пазирад,
Куҷо донад гули гулдон, ки рўзе Хазонаш даррасад, пурғам бимирад.
Замоне соҳибони хона дида Ба гулдон ҷои ў мушти хазонро, Биканданд аз буну берун фиканданд Гули пажмурдабарги заъфаронро.
Шамоли тундхези бемурувват Варо афканд дар оғўши саҳро, Ба ҷони нимааш раҳме накарда, Ба рўяш рехт гарду чанги раҳро.
Ба пеши он гули дилрешу мискин Гули саҳро ҳама дар ханда буданд, Ба ҳар ҷо лолаҳо хандону рақсон Ба ҷони хок алав афканда буданд.
Бувад ҳар гул ба саҳро тифли нозе, Ки саҳрояш чу модар менавозад, Варо борон кунад серобу хушрў, Сарашро бод нармак сила созад…
Ба ранги заъфарону бо дили чок Гули гулдон намуд эҳсоси дигар, Ки умре буд як бегонафарзанд, Ки гулдон буд ўро модарандар.
Чорсў
Чор сў кўй, дар кадомин кўй Ман бубинам ҷамоли дилҷўят?
Чор сў бурҷ, аз кадомин бурҷ Шуъла борад ҳилоли абрўят?
Чор сў марз, дар кадомин марз Навниҳоли қадат нумў дорад?
Чор сў боду лек боди хуше Бўи зулфи туро намеорад.
Чор сў кўҳ, кўҳи овохўр Оҳу фарёди синаамро хўрд…
Чор сў дашт, дашти синакушод Дилу ҷони маро ба сина фушурд.
Чор сў боғ бошаду боғе
Гули рўи туро напарварда.
Чор сў роҳу раҳнамое нест, Дили ман роҳи хеш гум карда…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё