Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Хонаи бобоӣ
Хонаи тангу тори бобоӣ,
Лойдевору фарши намнокӣ,
Баччагии маро, ки рафт аз сар,
Ҳастӣ акнун ту ҳайкали хокӣ.
Дар миёни чаҳор деворат
Чашми ман шуд кушода бар дунё,
Ҳамраҳи модарам ту бишнидӣ
Гиряву хандаи нахустамро.
Ҳамраҳи модарам басе шабҳо
То саҳаргаҳ ту ҳам намехуфтӣ,
Зери борон ба чак-чаки бомат
Ашкрезонам алла мегуфтӣ.
Ашки борон шикофт чун бомат,
Модарамро басе ту гирёндӣ…
Шуд калон бо ман орзўи дилам,
Танг будӣ, варо нагунҷондӣ.
Аз канори туву бари модар
Ҳамчун аз баччагӣ кунун дурам,
Дар хаёлам чароғи бобоӣ,
Соҳиби хонаҳои пурнурам.
Гўиё рафтам аз дарат берун
Ҳамчун аз лона чўҷаи мурғон,
Мисли як байзаи шикаста бимонд
Маҳди ман дар сутунат овезон…
Ман чи сон мекунам фаромўшат,
К-аз бароям яке ту дунёӣ…
Ҷо шуда дар вуҷуди ман тарҳат,
Хонаи тангу тори бобоӣ.
Кампир
Ғул-ғули тифлон ба гардун мерасад,
Булбуле дар шоха чаҳ-чаҳ мезанад.
Фориғи дунё, зимистон дар хаёл,
Момаи Ойиша таппак мекунад.
Зиндагӣ н-осуда буд, осуда шуд,
Ў вале дар умр кам осудааст,
Хештанро карда кам дар ҳар қадам,
Меҳри худ бар одамон афзудааст.
Чашм бар дунё кушояд тифлаке,
Момаи Ойишаро бинад ба сар,
Пир бинад лаҳзаҳои вопасин
Момаи Ойишаро бо чашми тар.
Хурдҷисму дасткўтоҳ аст, лек
Эй басо ғамҳои дунё хўрдааст,
Тифл гашта ҳамраҳи тифлони деҳ,
Ҳамраҳи ҳар мурдаи он мурдааст.
Хуб донад, дар куҷо хандид ў,
Дар кадомин хона ашкаш шуд нагун,
Дар кадомин тифлаке омад ба даҳр
В-аз кадомин гашт тобуте бурун…
Ғул-ғули тифлон ба гардун мерасад,
Булбуле дар шоха чаҳ-чаҳ мезанад.
Фориғи дунё, зимистон дар хаёл,
Момаи Ойиша таппак мекунад.
Даравгар
Навҷавон аз марг ҳам бебоктар буд,
Фикри ин дунё набуд андар вуҷудаш,
Бехабар аз дарду мотамҳои дунё
Ғулғулафкан буд дар дунё сурудаш.
Ў ҷавон буду намедонист ҳоло,
К-андар ин ҷо буд қабристони деҳа,
К-андар ин ҷо ҳамраҳанду ҳаммақоманд
Зердастону забардастони деҳа.
Дос мезад бар сари себаргаи тар,
Ашкҳои сабзаҳоро ў намедид,
Ў намедид аз алафҳо дуртарро,
Зери порову саморо ў намедид.
Ў намедонист, ҳар як сабзаи тар
Аз сари сабзи пурармоне нишон аст,
Ў намедонист, ҳар як гўр ин ҷо
Кўзапушт аз пуштҳои чун камон аст.
Ў намедонист, як даврон чу ўе
Сабзазори хоки ў хоҳад дурудан,
Киштии досаш ба уқёнуси сабза
Бурдаву аз шавқи дил хоҳад сурудан...
Ў ҷавон буду ҷавонмардона бебок
Зери по мекард қабристони деҳро,
Зери по мекард ў бе ҳеҷ дарде
Зердастону забардастони деҳро.
Бехабар аз шўру ғавғоҳои дунё
Аз таманноҳои дунё месуруд ў…
Сабзаву себаргаҳои сабзро не,
Ормони рафтагонро медуруд ў.
Хаёл
Дар самои сиёҳкори сафед
Барфро мебарад ба ҳар сў бод,
Мерасад боз бо ғами ширин
Ордбезии модарам бар ёд.
Остинро баланд бармезад,
Банди дасташ чу ширмоҳӣ буд.
Элаки пур зи орд дар дасташ,
Дастҳояш ду сўй роҳӣ буд.
Остини кушоди курта, ки буд
Гоҳ-гаҳ бодбезаки тифлон,
Гоҳ-гоҳе кушода мешуд боз,
Менамуд ордбезиаш вайрон.
Орд мебехту хамир мекард
Пора-пора зувола мебардошт.
Баъд мезад ба кулчаҳо мухпар,
Мухпараш бўи ширу рўған дошт.
Гарм мегашту лолагун рўяш,
Дегдонро гаҳе ки метаспонд,
Гармдил пас ба дегдони гарм
Кулчаҳои башир мечаспонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё