Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Мисоли косаи оби зулоле
Равад аз лаб ба лаб шеъри тари ў,
Чу шеъри ўст ҳамболи хаёлаш,
Нагардад ҳар хаёлӣ ҳампари ў.
Тамаъ нанмудаю ганҷе наҷуста,
Кунад ганҷи дилашро сарфи шеъраш.
Суханро баски пайванди Ватан кард,
Кунад бўи Ватан ҳар ҳарфи шеъраш.
Барояш хоки кишвар ганҷи дунёст,
Хасу хори Ватан – ҳамрозу ҳамдил,
Равад бо роҳи дил пурбору вазнин
Қалам дар дасти ў чун марди оқил.
Кунад маҳкамтар имони дили мо,
Суханро бо сухан пайваста маҳкам.
Чу дилҳо бандад ў ҳарфу ҳиҷоро,
Ватандору Ватанро баста маҳкам.
Ба ҳар маънӣ, ки доди шеър бидҳад,
Яке маънӣ варо ояд зи ашъор:
Ватандорӣ бувад иқболи мардон,
Набошад дар ҷаҳон ҳар кас ватандор.
Равад шеъраш зи лабҳо то ба дилҳо,
Зи мо инсони пурдилтар сиришта.
Ватан то ҳаст морову сухан ҳаст,
Намирад, беғамиро кушта-кушта.
Бас донаи дили мо, ҳайфо, накишта монда,
То ҷони орзўҳо дар нўги ришта монда.
Бикшода роҳу рафтем то он канори дунё,
Аммо раҳи қариби дил нонавашта монда.
Ахтаркушоӣ карда, рафтем то ба афлок,
Рўи замин бас ахтар нокашфгашта монда.
Сад нома гашт иншо, аммо ба номи ёре
Як номаи бамеҳри дил нонавишта монда.
Бо ёди покии дил, бо ёди покии ҷон
То ҳол дар дили мо ёди фаришта монда.
Афкандаем дилро дар гирудори дунё,
То баъди мо нагўянд: дилносиришта монда.
Ба хотираи Муқаддас
Ту чун аз осмони завқу эҳсосат
Ба дилшодӣ суханҳое
Зи ободии ҳар як дил
Ва ободии ҳар як хона мегуфтӣ,
Ҳама чун тифл меболид.
Худат ҳам нобаҳангом,
Ҳамчу аз лабҳои ёрон хандаҳо, рафтӣ.
Гаҳе дар саҳна чархида,
Гаҳе нолида, гаҳ дар хеш печида,
Зи сўзу созҳо афсона мегуфтӣ,
Зи ғамҳои дилат ҳар дилбару дилдода менолид.
Худат ҳам ончунон
Аз чашми мо
Чун ашк поку бесадо рафтӣ.
Саноят! -
Хандаҳоят пур зи меҳру дўстдорӣ буд,
Ҳар оҳат гиряе бар пурғамию бебарорӣ буд.
Бирафтию садоят монд,
Муҳаббат монд,
Садоқат монд.
Вале дар базмҳои мо
Туро ҷо чун нигин дар ҳалқаи ангуштарин холист,
Умре ҷот дар рўи замин холист…
Доғи фарзанд
Гаҳворае бо тифлаке
Буд аз накў қисмат ҳақаш,
Истораҳои осмон –
Бозичаҳои тифлакаш.
Бо тифли дар гаҳворааш
Дар давр даврон дошт ў,
Бо тифли чун исторааш
Дунёву кайҳон дошт ў.
Ҳар гоҳ мегуфт аллааш
Ў бо навои ҷони хеш.
Дар рўи дастон тифлакаш,
Мехонд ў дастони хеш.
Пиндошт ў – худ осмон,
Он тифли зебо ахтар аст,
Шукри баландиҳои бахт,
Ў модар аст, ў модар аст…
Дардо, вале, дар роҳи умр
Фарзандро гум кард ў,
Фарзанд дар ў зинда монд,
Худ, гўӣ, аз ғам мурд ў.
Шаб хоб мебинад кунун,
Аз хоб мехезад ба дард:
Ваҳ, тифлакаш хандид хуш,
Ё гушна монду гиря кард?
Ашке чакад бо ҳар нафас
Аз нўги ҳар мижгони ў,
Чун чашмаҳо дар роҳи хеш
Хушкида ду пистони ў.
Пандомўз
Аз он рўзе ба дунё омадам ман,
Ба дарси зиндагӣ шогирд ҳастам,
Гирифтам дарси озодиталошӣ,
Гаҳе бо ҷаҳд аз гаҳвора растам.
Давида сода дар пайроҳаи деҳ,
Ҳамегуфтам: ҳама дунё деҳи мост,
Чу по аз ҳадди он берун ниҳодам,
Бидидам: беҳудуд ин даҳр паҳност.
Зи шавқу шўри парвози хаёлӣ
Чу чашм аз чашми ахтарҳо накандам,
Бидидам: бе заминам зиндагӣ нест,
Бидидам: бе азизон пойбандам.
Гирифтам низ як панди муассир
Зи зарби чаккушу аз оҳи сандон:
Диле бардоштан осон набошад,
Вале бишкастан осон аст, осон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё