Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агарчи бар сарат сад санг омад, Туро хўрдан ғами худ нанг омад.
Уқоби дурпарвози дилатро Самои пасти даврон танг омад.
Ҳамеҷустӣ давои дарди танро, Ки то созӣ даво дарди ватанро, Ба ҷои маҳд чашмонат валекин Ҳамедиданд тобуту кафанро.
Туро ҳар куштае пурдард мекушт, Туро ҳар хандаи номард мекушт, Туро ҳар беватан, ҳар бандаи тан Қатори ҳар ватанпарвард мекушт.
Туро ҳар дарди бедармон адо кард, Туро ҳар дидаи гирён адо кард, Алайҳи дарди инсон будӣ, охир Туро бедардии инсон адо кард.
Дар ёдбуди Мирзо Турсунзода Сатрҳои шеъри ў чун роҳҳои кишваранд, Шеърҳои пурсадояш худ садои кишваранд.
Кўҳҳои Тоҷикистон минбари болои ўст, Шеърҳои обдораш аз дили дарёи ўст.
Дарду ғамҳои ҷаҳонро гўиё афшурд ў, Дарду ғамҳои варо беш аз ғами худ хўрд ў.
Дарди он дар синааш ҳамчун дили ў ҷо гирифт, Сўзу созу дарди дунё дар дилаш дунё гирифт.
Ҳар гаҳе санге нагун мегашт аз кўҳи Ҳисор, Бар назар меомадаш исёниёни сангсор.
Хўрда оби рўди Вахшу карда шукри беҳадаш, Нил бо лабташнагонаш дар назар меомадаш.
Чашми чори бандиён аз ҷўи чашмаш об бурд, Бахти хоболуди зангӣ аз ду чашмаш хоб бурд.
Дар дилаш аз оҳи ҳинду оташе афрўхт ў, Зулму золимро чу коҳе дар дили худ сўхт ў.
Дарди дунёро чу гарде рўи мижгон ҷо намуд, Парчами озодии Машриқро боло намуд.
Одилони рўи дунё бар ғамаш дил бохтанд, Халқи ўро ҳамчу халқи адлҷў бишнохтанд.
Дар баландӣ ў агар монд ошёне ҷовидон, Бо баландиҳои ў нозад кунун ин ошён.
Мо, ки ўро аз дилу аз дида пайдо кардаем, Ҳамчу дил ўро даруни синаҳо ҷо кардаем.
Шеъри ў аз гоҳвора гўш кардему кунанд, Шеъри ў бо шири модар нўш кардему кунанд.
…Сатрҳои шеъри ў чун роҳҳои кишваранд, Сатрҳои шеъри ў моро ба сўи мо баранд.
Дар ҳошияи китоби Ҳабиб Юсуфӣ Гуфта будам, ки нависам сари гўрат шеъре, Лек хушкид зи ҳасрат ба гулў шеъри тарам.
Натавонистаам аз баҳри ту шеъре гўям, Балки он ашк шуду рехт ба пеши назарам.
Қаламат кош тавонам, ки ба дастат биниҳам,

Гуфта дилро ба ғами шеъри ту хун мекардам, Шеъри ман гар нашуд аз сина бурун, боке нест, Тирҳо аз дили ту кош бурун мекардам…
Мондам аз сар ба сари гўри ту андешаи шеър, Дафтари холии шеърам дили манро пур кард.
Дар сари гўри сухан ашк фишондам чандон, Ки сиришки аламам дашту даманро пур кард.
Дар сари гўри ту аз хома наомад асаре,
2 Мазмуни байт аз устод Бозор Собир.
Кафтарон бол фишонданд сабук бар сари ман…
Мисраи шеъри туву кафтараке болсафед Нақш гардид чу пайғоми ту дар хотири ман.
Ёдбуди Маҳмуди Воҳид
Меравад ҷумла сокиту хомўш Аз дили шаҳр сўи қабристон, Мебарад балки ҷумларо аз хеш Санъати дилфишону гулафшон.
Лаҳзае балки лолу ҳайрон монд Шеъри Хайёму ҳикмати тоҷик, Дар раҳи умри ҷовидон аз нав Рўдакиро ду дида шуд торик.
Тираву тор гашт бори дигар Олами пурнишоти Аллома, Боз ў зери боми худ танҳост Ҳамраҳи шамъу ҳамраҳи хома…
То ҷаҳон буду то ҷаҳон боқист, Ман аминам, ба рўи ин дунё Ҳар бузурге ба марги ҷисми хеш Аз дигар мекушад бузургонро…
Пайванди Ватан
Зи бедилҳо басе ранҷида дар умр, Наранҷонад дар ин дунё дилеро.
Нагардад ғарқ, азбас ҳадшинос аст, Ба оби обрўю оби дарё.
Нишинад рў ба рў, бешу каматро Бигўяд рў ба рў, бе рўи хотир, Ки донад: талх бошад фанди ин фан, Суханбофӣ набошад кори шоир.

пешина
аз 235
навбатӣ