Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бехобӣ
Ҳар нафас аз тухмаи пурбори андеша Зери ин чархи сияҳандеши нилифом Аз замини хотири ошуфтаи одам Мезанад сар занбурўғи бомбаи атом.
В-ончуноне ки Хатин аз хандаи мардон бувад холӣ, Ончуноне ки Лидитсе ҳам тиҳист аз гиряи тифлон, Ончуноне Сонгми1 чун модари бадбахт оғўши тиҳӣ дорад, Мешавад аз хоб холӣ дидаи инсон.
Ў дар ин шоми сияҳ дигар намехобад, То саҳар дар баҳри пуртўфони ҳасрат ғарқ, Дар самои тираи фикри парешонаш Мезанад абри хаёлаш барқ…
Мегурезад аз хаёли пурҳароси хеш,
1 Хатин ва Лидитсе– деҳаҳое дар Белорус ва Словакия, ки фашистони немис ва Сонгми деҳае дар Вйетнам, ки истилогарони амрикоӣ ба хок яксон кардаанд.
Боз меёбад варо лек ин хаёли шум, Мебарад ўро ба ҳабси пуразоби худ, Мекунад ўро ба чанги хештан маҳкум.
Ҳар шаҳиде дар дили ў зинда мегардад, Ҳар шаҳиде дар хаёлаш мекунад исён:
Ин заминро гар ту беосеб мехоҳӣ, Бар худ о, эй бехудо инсон!
Ў ҳамеларзад аз ин овозу мебинад:
Тифлҳояш бе ғаме хобидаанд ором…
Меравад инсон бурун аз хобу оромӣ, Дар хаёлаш занбурўғи бомбаи атом.


Кэтти Гилмори сесола шоҳиди даҳшати фоҷиаи Олстер аст.
Ҳангоми тирпаррониҳои кўчагӣ ў дар батни модар захмдор гашта, тир дар сутунмуҳра ба дунё омадааст.
(Аз рўзнома) Ту маъсумӣ, Вале бо муҳри ин дунёпарастон, Душманони тухми инсон Бе гуноҳу айб маҳкумӣ.

Туро он гаҳ, Ки андар батни модар будӣ, Чун мардони исёнӣ Басо бераҳм парронданд, Чу он мардони зиндонӣ Ба зиндонҳои бе нури адолат тор биншонданд.
Туро куштанд чун ағёри худ, То ёри роҳи ҳақ нагардӣ боз, Набошӣ то зи пушти хайли исёнӣ дар анҷом, Туро хоҳанд тарсондан аз оғоз.
Вале ман донаму дунёиён донанд, Ки ту ҳаргиз натарсидӣ, Аз он дунон наваҳмидӣ…
Аё тифли ҷаҳони нав, Агар имрўз андар батни модар захмдорӣ ту, Аминам ман, Ки фардо мешавӣ сарбози исёнҳо, Аминам ман, Ки рўзе мешавӣ пирўзи майдонҳо, Зибаски пайрави исёниён ҳастӣ, Фидоии замон ҳастӣ…
Модар
Дар канори ту гашта дарёдил, Мераванд аз бари ту фарзандон Ҳамчу дарё, Ту боз мемонӣ Ҳамчунон чашма бо дили гирён.
Синаатро азоби пурҷўше Чун дили чашма мекунад кома, Гирди чашмат ҳазор ожанг аст Чун сафолак ба лаб-лаби чашма…
Ҳамчунон чашм чашма менигарад Аз паси рўди пурнаво умре, Аз паси баччаҳои раҳбараҳат Бингарӣ бо сукутҳо умре…
Хоби ормон Имшаби торику ваҳмӣ Хоб дидам то пагоҳон.
Ҳамчу ашки осмонҳо То саҳар мерехт борон.
Рўдакӣ омад ба хобам, Дидааш бино бидидам, Дафтару девони ўро Пурраву барҷо бидидам.
Хоби неке сода мекард Ормонҳои азалро:
Бўалӣ Сино кушода Оқибат банди аҷалро.
Хоби хуш дидам: Ҳилолӣ Буд маҳбуби Хуросон, Сангдилҳояш накарда Ҳеҷ гоҳе сангборон.
Хоб дидам, хоби ширин:
Аҳмади Дониш тавоност.
Чун бузургонаш ҳамеша Мардуми тоҷик доност.
Хоб дидам, пушти Айнӣ Зарбаи чўбе нахўрда, Аз ҷаҳон дар синаи реш Ў диле захмӣ набурда.
Хоби хуш дидам: набуда Дарбадар алломаи Тўс, Оқиле ҳам нест ранҷур, Шоире ҳам нест маҳбус…
Хоб дидам, аз ду дида Ҷои ашк истора резам…
Хобам аз бедориам беҳ, Мон, аз ин хобам нахезам…
Сино
Самои даврро истора будӣ, Ҷаҳон сарду ту оташпора будӣ.
Миёни тангчашму кўрдилҳо Ту ҳамчун дидаи наззора будӣ.

пешина
аз 235
навбатӣ