Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳамкории ў бо ҳунармандони варзидаи мо самараҳои дилпазир ва неке ба бор овардааст. Суруди Низом Қосим мавзўи пажўҳиши алоҳида аст.
Тазоди зиндагиро метавон дар як байт чунин шоирона ба қалам овард ва дар баробари ин қудрати суханро нишон дод:
Сухане - чун кафтар:
мерасонад пайғом; Сухане - чун кафтор:
мушти пар мекунад он кафтарро.
Дар шеъри дигар шумо мебинед, ки чӣ гуна печутобу изтироби инсонӣ чун мор ба тасвир меояд бар сари ганҷе, ки дил ном дорад.
Дар ҷойи дигар ў мегўяд:
Ман ба хок афтодам, нашкастам,
Тавба бар хок наафтоду шикаст.
Бояд иқрор шуд, ки ин тасвир тозаву шоирона аст.
Бо ишора ба зарбулмасали халқӣ «Як бор ҷастӣ, малахак» ў мушоҳидаи хубе мекунад, ки маъное дорад:
Ҳисобатро ту бо се хатм кардӣ,
Малах з-ин беш ҳам ҷастан тавонад…
Аз тозагўиву тозабаёниҳои ў мисоли бисёр метавон овард:
То ки НОБ-и дил бимонад доимо гардон, Ҷамъ кардем об дар чашмон.
Ҳадафи зиндагӣ ва шоирии худро Низом дар ду байт чунин баён кардааст:
Ҷустани маънӣ маро дар ин ҷаҳон
Бошад асли ҷустуҷўи хештан.


Ошиқона ёдамон кун, эй Ватан,
Шоири ишқи Ватан будем мо.
Дар фуроварди сухан як рубоии Низом Қосимро мисол меорам, ки то ҷойе марому ҳадафи инсониву шоирии ўро ҳусни ҷамъбаст бахшидааст:
Дар фасли баҳор шод мебояд буд,
Бо рўю дили кушод мебояд буд,
Бо хории хеш низ бояд гул кард,
Яъне ки зи худ зиёд мебояд буд.
Чуноне дидем, Низом Қосим шоирест, ки тавонистааст бурду бохт ва таҷаллии як насли адибони муосири моро дар худ таҷассум бикунад, ки ин кори саҳл нест.
Камол НАСРУЛЛО
Аз маҷмўаи
«Хўшаи шеър»
(нашриёти «Ирфон», 1984)


Рўзҳое зи умри қимати ман
Мисли як оҳи беасар рафтанд,
Тифлаконе зи домани модар
Кў ба кў аз ватан бадар рафтанд.
Он яке ҳамчу ёри беғам рафт,
Монд ғамҳои бешумор ба дил,
Дигаре ҳамчу нўшбод гузашт,
Сўзҳо монд аз он накў маҳфил.
Он яке, бо ҳама наво, афсўс,
Бесадо рафт то дили кайҳон,
Дигаре бодсон гузашту намуд
Дафтари умрро варақгардон.
Гар яке бо ғами нигор гузашт,
Рўзи дигар ба заъфи хотир рафт,
Он яке – бо ҳақорати масте,
Он яке бо дуои модар рафт…
Рўзҳо – тифлҳои саргардон,
Рўзҳо – фикри бесаранҷомам,
Рўзҳо – лолаҳои ночида,
Рўзҳо – ҳамдилони гумномам,
Бо ҳам оед дар хаёлам боз,
Шоҳиди сўзу тоби ман бишавед,
Сафҳаҳои ҳаёти ман будед,
Сафҳаҳои китоби ман бишавед.
Ахтар
Касе рафт аз ҷаҳон,

  • гўянд мардум, Чу афтад ахтаре аз осмонҳо, Ки ҳар ахтар ба авҷи поки гардун
    Нишони мо бувад дар рўи дунё.
    Агар дар зиндагӣ хушбахт бошӣ,
    Дучандон медурахшад ахтари ту,
    Агар аз ишқи худ бошӣ сарафроз,
    Бихандад ахтарат чун дилбари ту.

Агар аз қисмати худ дилгазонӣ,
Ба гардун ахтари ту хира тобад,
Агарчӣ осмон соф асту равшан,
Ба ҷустан чашми кас онро наёбад…
Дилам мафтуни ин панди латиф аст,
Хаёлам дорад аммо бўи дигар,
Биҷўяд тоза рамзе дар шабистон
Дилам аз осмони пур зи ахтар:
Ба ин дунёи пурасрору зебо
Хаёлам, ҳар касе бе ахтар ояд,
Ба кори неку бо номи накўяш
Барои хеш як ахтар кушояд.
Ба ҳар марди наҷибе ахтари ў
Бигардад раҳнамои роҳи дураш,
Ба мисли шамъ то субҳ аз сари шом
Пас аз маргаш битобад рўи гўраш.
Ҳама он ахтарони поку рўшан,
Ки дар боми фалак шаб нурборанд,
Нишони некмардони наҷибанд,
Бадон дар осмон ахтар надоранд…

пешина
аз 235
навбатӣ