Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Илтиҷо
Надорам илтиҷои дигаре аз қисмату аз ту, Мапўшон чун дари тақдир чашматро ба рўи ман, Бимон, бинам зи чашмони ту оламрову одамро, Бимон, хуршедҳо хандад зи чашмонат ба сўи ман.
Мапўш он чашми обиро зи чашмони пури обам, Ки бе чашмат ду чашми рўшанам бенур хоҳад шуд, Бимон, чун ғунчаи гул чашмҳоят сўи ман хандад, Ки бе анвори чашмат чашми бахтам кўр хоҳад шуд.
Бимон, аз лонаи чашмат нигоҳи дурпарвозе Мисоли кафтари иқбол сўям бол бикшояд, Бимон, манзил кунад дар чашмҳоям акси чашмонат Ва умре хонаҳои чашмҳоямро биорояд.
Нигоҳи обият, бигзор, бошад бар дилам ҷорӣ, Нахушкад то гули уммедҳоям дар лаби ин ҷў…
Мапўшон чашмҳоятро зи чашми меҳрубони ман - Ҳамин аст илтиҷои вопасинам аз тую аз ту…
Духтари бухорӣ
“Зарафшон меравад сўи Бухоро”3 , Дили ман – сўи ту, эй дил, чу хоро, Ки мондӣ дар дили ман чун ғами ман, Шудӣ дар ҳарду олам олами ман.
Чи сон дур аст аз ман будани ту, Ки гарчӣ монда ҷонам дар тани ту, Раҳи ман ҷониби ту баста бошад, Ба дил хори ғамат бишкаста бошад.
Чунон дур аст аз ман будани ту, Ки гўӣ асрҳо бигзашта бошад…
Фаромўшат кунам, гўям, аз ин пас, Ки ҳастӣ дастнорас, дастнорас, Чи созам бо дили девона аммо? – “Зарафшон меравад сўи Бухоро” …
Мардуми чашми уфуқ
Чун гули нашкуфта рафтӣ, Дар хаёли ман шукуфтӣ.
Аз пасат ман лол мондам, Хаставу беҳол мондам…
Рўи роҳи пушта аз пушти ту ман Чун нафаскўтоҳи бедармон нишастам, Шишаи дилро шикастам…
Чашми ман мерафт аммо аз пайи ту, Ҳастиам мерафт гўё аз пайи ту, Аз уфуқ, яъне зи роҳи дида бигзаштӣ ту охир, Мардуми чашми уфуқ гаштӣ ту охир…
Оқибат пинҳон шудӣ дар пушти пушта, Балки гардондӣ чу пушта пушт бар ман.
Дар нигоҳам монд тарҳи дури дурат
3 Сатри устод Лоиқ Шералӣ.
Ҳамчу як дасти кушода мушт бар ман…
Гули муҳаббат
Ҳар саҳаргаҳ зи уфқи хотираҳо Офтоби рухат шавад берун, Бо шитоби фузун ғуруб кунад, Уфуқи синаам шавад пурхун.
Биравад пушти пуштаҳои хаёл, То ки чун шаб дилам сияҳ гардад, Ку тавоне, ки то уфуқ биравам, Ё садояш кунам, зи раҳ гардад…
Пас зи ҳарфи алам ба марзи варақ Тухми ишқи туро биафшонам…
Чор фасл аз гули хаёл бувад Гулфишон мазраи дилу ҷонам.
Хоку гардун
Чуноне, к-аз замин дур аст гардун, Ту аз ман дуриву ман аз ту дурам, Туи бедил ба дил бастан сабурӣ, Мани дилбаста зору носабурам.
Ту механдӣ зи шавқи сина беғам, Ман аммо ашк мерезам зи андўҳ, Ту ҳамчун лолае бар қулла тобӣ, Манам як дасткўтаҳ дар бари кўҳ.
Замин монандаи ман саргарон аст, Фалак чун туст бепарвою хомўш.
Замин монанди ман танҳост.
Чун ту
Фалак бас ахтарон дорад дар оғўш…
Гусел
Меравам хастаҷону бедармон Аз пайи ту чу аз пайи тақдир.
Аз хамўшии хеш метарсам, Мешавам аз хамўшии ту сер.
Ҳамчу бар сактаҳои ашъорам Мехўрам пешпо ба раҳ ҳар дам, Нолаҳо карда зери ҳар пое, Мефизояд хазони раҳ дардам.
Ҳамчу як ҳамдили ман абри баҳор Аз дили реш нолаҳо сар кард, Он қадар ҳой-ҳой ў бигрист, Ки заминро зи ашки худ тар кард.
Рехт борон…
Ба гардани ҳар шох
Шаддаҳо баст чун ҳамели ту…
Балки бо ман тамоми ин дунё Ашк мерехт дар гусели ту.
Бартар зи чашмаи умр
Маро ду чашми ту бартар зи чашмаи умрам, Маро ду дасти ту бартар зи дасти тақдир аст.

пешина
аз 235
навбатӣ