Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Боди барбоде фақат барҷо
Аз сари пурбод мемонад.
Дар ҷаҳон озодадил танҳо
Ҳамчунон озод мемонад.
Шеъри ман чун ёди некон аст,
Бешу кам дар ёд мемонад.
Аз маҷмўаи
«Барги саломи сабз»
(нашриёти «Адиб», 2002) АМИР ва АСИР (як саҳнаи манзуми таърих) “Амри Лайс Мўътамид (халифаи Бағдод)-ро гуфт:
“Исмоилро бигў, ки маро ту нашкастӣ, балки диёнат, сирати накў ва эътиқодоти софи ту… шикаст”
.
Д а б и р. Х а л и ф а. Д а б и р. Х а л и ф а. Д а б и р. Х а л и ф а. Д а б и р. Х а л и ф а Д а б и р. Х а л и ф а. Д а б и р. Х а л и ф а. Д а б и р. Х а л и ф а. Низомулмулк.
Бағдод. Боргоҳи хилофат. Халифа бар тахт нишастааст.
Дабир меояд.
Халифа, давлатат бодо аз ин беш!
Чаро ҳастӣ чунин дар банди ташвиш?
Сафирон омада…
Ташвиш аз инӣ?
Киянд онон –
Самоӣ ё заминӣ?!
Яке аз назди Исмоил…
Аҳсан –
Хаёли ў ҳамин дам доштам ман!
Сафири Амр ҳам…
(бо ташвиш). Ҳамраҳ расиданд?
Зи ҳам пинҳону ноогаҳ расиданд!
Басо хуб!
Он чи гуфтам дўш, барҷост!
Итоат!
Хомаву коғаз муҳайёст.
Чи фоли хуш, ки он ду душмани мо
Зи як аслу парешонанд аммо –
Яке, беҳ он, ки монад қавми тоҷик,
Дигар – эронӣ…
Аҳсан, ақли борик!
Ниҳон бояд зи ҳам монад ду ҳамтан,
Ба ҳам оянд агар, вои туву ман!
”Сиёсатнома”
.
Д а б и р. Х а л и ф а. Д а б и р Х а л и ф а. Ду ҳамхун, беҳ, нашинад гирди як хон,
Ду ҳамҷон, беҳ, ки бошад душмани ҷон!
Навис…
Аввал – зи ҷону дил саломам,
Зиёда эътиқодам, эҳтиромам,
Ба ҳурмат зикр бинмо номашонро,
Бигў пухта тамоми хомашонро!
(навиштаашро мехонад).
“Аё эй шоҳи даврон, эй ягона,
Туро ин нома бодо чун нишона,
Аз ин пас Мовароуннаҳр аз туст,
Ҳама он рустоқу шаҳр аз туст,
Ба номат ҳам Хуросон вақф гардид,
Муборак бар ту бод ин бахти ҷовид!
Раво амрат дигар ин ҷову он ҷост,
Касе бо ту ситезад, душмани мост!”
Ду нусха дарзамон омода бинмо,
Фирист аз номи мо бо муҳру имзо
Ба Исмоилу Амри Лайси Саффор,
Равон кун ҳамраҳаш эҳдои бисёр.
Аз он пас бин, ки ин ду нома бар мо
Чи сон бе разм меорад зафарҳо!
Дигар бо он ду тан коре бисозем,
Ки ҳам бар ину ҳам бар он битозем!
Саҳна торик мешавад. Соярўшан, мусиқӣ ва ҳаракатҳои номавзун манзараи гирудорро тасвир мекунанд. Дар идомаи ин манзара чароғ як гўшаи саҳнаро рўшан мекунад ва Амир Исмоилу Қосид падид меоянд.
Қ о с и д. Амиро, шуд қариб анҷоми душман!
Бубин, инак, ту аз он саф ду-се тан,
Аҷаб ҳоле, ки ин ҷамъи гирифтор
Дар ин савдо… туро донад гунаҳкор!
А м и р И с м о и л (назди асирон омада).
Гуноҳи мост?
А с и р о н. Оре, пургуноҳӣ!
А м и р И с м о и л (ба Асири 1). Далелат ку?
А с и р и 1. Бигўям, гар бихоҳӣ!
А м и р И с м о и л. Бигў!
А с и р и 1. Зидди амират ҷанг кардӣ,
Бурун худро зи роҳи нанг кардӣ!
А м и р И с м о и л. Аҷоиб…
Кист амири мо?
А с и р и 1. Дареғо!
Надонӣ!
Омад ў бо тиру теғо!
А м и р И с м о и л (бо лабханд).
Амири мо чаро шуд Лайси Саффор?
А с и р и 1. Шумурд ўро Халифа аз ту бисёр –
Ба номаш вақф кард ин сарзаминро!
Бимон як сў камонрову каминро,
Назар кун!
Номаеро, аз ҷайб бароварда, ба Амир Исмоил медиҳад.
А м и р И с м о и л. Чист ин?
А с и р и 1. Маншури Бағдод!
Ҳамин маншур роҳи разм бикшод!
А м и р И с м о и л (ба нома чашм давонда, худ ба худ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё