Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Дур аз манат сароб аст, ашк аст даҳру об аст
Дар дидаи тари ту… Сад узр, модари ҷон!
Хушбошӣ
Рўзе гузар кард аз умри кўтаҳ,
Монд аз касе кўҳ, монд аз касе каҳ.
25 Ишора ба сатри маъруфи устод Рўдакӣ.
Эй ҳамҷаворон, тобу таби хуш,
Ёрон шаби хуш, ёрон шаби хуш!
Як шоха ларзон, як лона вайрон,
Як ҷуфт қумрӣ бар шоха ҳайрон.
Эй ҷуфти сарсон, тобу таби хуш.
Ёрон шаби хуш, ёрон шаби хуш!
Аз ишқи поке афсона монда,
Аз кохи ишқе вайрона монда.
Эй бебаророн, тобу таби хуш,
Ёрон шаби хуш, ёрон шаби хуш!
Дар рўи роҳест марде ҳаросон,
Эй раҳ, ба манзил ўро бар осон.
Эй роҳҷўён, тобу таби хуш,
Ёрон шаби хуш, ёрон шаби хуш!
Он як биболад аз сўзи ширин,
Он як бинолад аз дарди дерин.
Эй ғамшарикон, тобу таби хуш,
Ёрон шаби хуш, ёрон шаби хуш!
Ман ташнаҷонам, маҳ – косаи об,
То зинда монам, метоб, маҳтоб!
Эй пайки армон, тобу таби хуш,
Ёрон шаби хуш, ёрон шаби хуш!
Беҷўш ёфтам дили пурҷўши хешро,
Овардаам ба ёд фаромўши хешро.
Дар чашми хеш дидаву ҷои алови чашм
Дарёфтам ду гулхани хомўши хешро.
Дўшизаҳои дўш наоянд ҷуз ба хоб,
Бинам ба дўши пири танам дўши хешро.
То аз нигоҳ шира нагирад ду дидаам,
Бо дасти айнакам бикашам гўши хешро!
Сангпушт ва сангдил
Сангпушти баччагии ман,
Будаӣ як сангпушт,
Будаам як сангдил…
Санги ту дар ёди ман монда
Дар қатори сангҳои бешумори аз сари ҳар пушта ғелонда.
Ҳар куҷо медидиям,
Аз тарс андар хеш мерафтӣ фурў,
К-ин замонат мекунам беғам пурў,
К-ин замонат тунду бесар
Мекунам ҷар…
Зиндагӣ баъди ту аз кўҳу ҷараш афзун маро ҷар кардааст,
Ҷаршуданҳои туро ҳар лаҳза пеши чашми ман оварда боз,
Аз алам чашми маро тар кардааст…
Зиндагӣ фориғ накард аз моҷарои сангпуштам -
Хонабарпуштам намуду чангпуштам…
Сангпушти баччагии ман,
Санги хунолуди пуштат
Санги дилро андаруни синаам ҳар дам ба хун тар мекунад,
Ёди ту
Ҳар лаҳзае ашки маро
Аз пуштаи рухсори ман ҷар мекунад…
Қарз
Нахустоғози ман чун аз ту буда,
Басо бо ту намудам бозӣ, эй хок,
Ман охир мешавам бо ту баробар,
Ки бошӣ аз ман охир розӣ, эй пок.
Ба тифлӣ дар бару дўшам ту будӣ,
Пасам бардоштӣ умре ту бар дўш.
Дар оғўшат агар бигрифта будам,
Ту мегирӣ маро охир дар оғўш.
Басо беҳудаат барбод додам,
Ҳамехоҳам зи ту имдод охир,
Аз ин ҳамқисматӣ бо ту хушам ман,
Ки бо ту меравам барбод охир.
Туям рўи ҷаҳон бурдӣ сари дўш,
Туро мижгони ман рўи ҷаҳон бурд.
Дар аввал гар туро ман хўрда будам,
Ту, эй хок, оқибат хоҳӣ маро хўрд.
Баҳорӣ
Ба беҳтарин хонандаи иш шеър - Ибодулло
Сар ба сар яхистонам, зери офтобам кун,
Эй баҳор, обам кун,
Эй баҳор, обам кун!
Боди сарди дунё кард инчунин парешонам,
Овар аз дигар ҷамъам, гулбасар китобам кун.
Эй баҳор, обам кун,
Эй баҳор, обам кун!
То шавад дилам дарё, раҳ барад ба ҳар маъво,
Ҷў ба ҷў маро бикшо, ҷўи даршитобам кун.
Эй баҳор, обам кун,
Эй баҳор, обам кун!
Хастагии роҳам бин, роҳро гувоҳам бин,
Як ҷаҳон гуноҳам бин, ҷониби савобам кун.
Эй баҳор, обам кун,
Эй баҳор, обам кун!
Чун зи киштаи бебар нарм аз сарам бигзар,
Гар нарўям аз дигар, мурдадил ҳисобам кун.
Эй баҳор, обам кун,
Эй баҳор, обам кун!
Ин манам туро ошиқ, ишқи сабзро лоиқ,
Хоҳӣ ҳамдили содиқ, инак, интихобам кун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё