МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Посбон чизе нагуфта даргузашт. Аммо мардуми гузар ин ҳодиса дида будаанд. Овоза шуд. Лек касе бовар накард.
Ҷавони малламӯйро посбон гузоштанд, ки ту ба хурофот бовар надорӣ, касе бо ту рӯ ба рӯ намешавад. Агар дучор ояд, нопурсиш андоз.
Ҳамин тавр шуд. Ин бор ҳафт нафар омаданд. Малла диду ба қавли ровиён «зулукаш гирифт» автоматро бардошта натавонист. Лек тозон омада огоҳ кард ҳамроҳонро. Онҳо бо чашми сар диданд сафедҷомагони дасторбасарро.
«Шуморо огоҳ карда буданд!»
Лек ҳар ҳаракате шуд аз ҷониби сарбозони сарзада барор нагирифт. Малларо низ чун посбони нахуст марги беаҷал омад. Пасон сардори аскарон омада дар мазор нарзу ниёз кард ва сарбозонро кӯчонд.
30.05.07.
МАН – МАНАМ!
Ду мошин ҳамонанди ду мӯрча рӯ ба рӯ омаданд. Фарқ чунин буд, ки мӯрчагон сар ба сар салом карда ба якдигар роҳ дода мегузаранд, аммо ду мошин на салом доданду на роҳ.
Мошини сафеди хориҷӣ ҳаракат мекард, ки гузарад, лек жигулий на пас мерафту на пеш.
Хориҷӣ: – Пас бирав...
Жигулий: – Худат пас – пас бирав.
Хориҷӣ: – Ман коргари орган!
Жигулий: – Ман – депутат!
Хориҷӣ: – Депутат ҳам бошӣ, як ваҷаб пас намерам! Худат пас бирав!
Жигулий: – Депутат ҳеҷ гоҳ пас намеравад. Худат пас – пас бирав!
Хориҷӣ: – Қавли орган якто!
Жигулий: – Ин хел бошад, алови мошинро куштам. Бузгар... Ё пас – пас бирав!
Хориҷӣ: – Коргари орган дили гарм, ақли расо ва виҷдони пок бояд дошта бошад. Ту ба чунин кас бояд роҳ диҳӣ.
Жигулий: – Ман пеши роҳи туро надоштаам; Бузгар!
Хориҷӣ зӯр зада гузашт. Ойинайи паҳлӯ қат шуд... Лек ойинайи жигулий парид... Пасон пархошу хархаша пайдо шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё