Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ту бо ман шӯхӣ накун, мардак! Понздаҳ сол тоқат кардам, бас! Косайи сабрамро лабрез кардӣ! Ман аз кӣ кам? Дар вақташ пеши пом афтида, оби дида рехтӣ, ки гирам ҳам туро мегирам, нагирам ҳам... Нагирам, ҳур мегузарам... Акнун...
(Пиёла хуб садоро накашид ё зани ҳамсоя гулӯгир шуд).
Пиёладор: «Занак рост мегӯяд. Силу зардоб шуд. Ҳамин хел шӯ хоҳ бошад, хоҳ не.»
Келин: «Мардаки хуб-ку, хола? Ҷангу бонг надорад...»
Пиёладор: «Аз ҷо медонӣ? Қатиш хоб карда будӣ?»
Дами келин гирифт. Чӣ хушдоман будани ӯро медонист.
Бо вуҷуди он сахт дард кашид. Печид ба худ. Забон газид.
Ангуштони мушт кардаашро кушод. Нарм гуфт:
«То ҳол садояшро ҳамсояҳо нашунидаанд. Бинед, ҳамин қадар занаш менавозад, ҷиққаш намебурод».
Пиёладор: «Тагаш тар-дия...»
Келин: «Э не-йе, мардаки хуб».
Пиёладор: «Ман беҳуда гап намезанам. Аз дилам, ки гузашт, ба забонам меояд.Ту ҳам ягон бало дорӣ, чӣ? Тарафашро мегирӣ?»
Келин: «Ба шумо гап зада намешвад... Аз Лайливу Маҷнун мегиред. Чӣ бадӣ кард ба шумо ҳамон мардак?»
Пиёладор: «Ба ман бадӣ накардааст. Лекин худат гӯш андоз!»
Пиёларо ба гӯши арӯс медорад:
– Ман ҳамту намемонам. Ба милиса мерам, милиса гӯш надиҳад, ба суд мерам, ба прокурор Эҳсонча муроҷиат мекунам! Яктааш баинсоф будагист, охир? Ба Эҳсонча пулро нишон диҳӣ, аз ҳукми куш мегардонад... Ҳеҷ нашавад ба Кумитайи партиявӣ менависам... Вай мӯро аз хамир ҷудо мекунад...
Келин: «Рост барин хола... Занак сахт гирифтааст... Лекин мардаки хуб...»
Пиёладор: «Ин хел мардакҳо кӯчахандони хонагирён мешаванд. Зани бегонаро бинанд, оби тагу болошон меравад».
– Рав! Куҷое меравӣ, рав! Ягон ҷойи нарафтаат намонд.
Мардум ба ман таъна мезананд. Занат «ин хелу он хел»
мегӯянд... Ман чӣ кор кунам? Ягон нангу номуси занона дорӣ? Агар ягон дуздиву тозӣ карда бошам, аз баройи худам кардам?

пешина
аз 344
навбатӣ