Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ТОҚИВОР
Аз тирезайи чархбол диданд кашокашро. Кашокаши оддӣ на! Маҳшар. Мардум якдигарро кашида як сӯ мебаранд ва боз ба ин сӯ мекашанд. Як чизи ҳисса нашударо чун мерос порапора карда гирифтанӣ мешаванд, аммо зӯрашон намерасад.
Гӯё меросӣ ниҳоят гаронбаҳост. Бузкашӣ ҳам чунин намешавад. Ба д-он монад, ки ягон бадгуҳарро чорлахт карданианд.
Волик аз Расул пурсид: «чӣ ҳодиса?» Расул гуфт: «Шояд бузкашӣ бошад». Волик бовар накарда ба Кумитайи амният занг зада огоҳонид, то аз воқеъа хабардор гашта, баёнот диҳанд.
Ҷанозайи Ҳазрат будааст. Тоқивор(иртиш) мекашидаанд ба табаррук. Кумита вазифадор шуд, то одамони намоёни дар ин ҷаноза бударо рӯйихат кунад. Агар узви партия бошад, ба Кумитайи марказӣ даъваташон карданд.
– Раҷаби Кабуд! Будӣ?
Ӯ аввал ба тасдиқ сар андохт, сонӣ ба аломати рад ба ду тараф ҷунбонд.
Расул сӯйи Волик нигарист:
– Дидед? Рад мекунад!
– Онҳо буд мегӯянд-ку? Навиштаанд.
– Онҳо дигар касро дидаанд. Ин хел шофбурути сапсафеди ишкамдор ва чашмонаш кабуд дар тарафҳойи онҳо лаб задааст. Кадоми дигарро дидаанд... Ҳамин хел не: Кабуд?!
– Ҳамин хел, рафиқ...
– Ҷавоб!
Баъди чанд вақт Расулу Раҷаби Кабуд рӯ ба рӯ омаданд.
Расул: «Агар ҳамон вақт аввал буданатро рад мекардӣ, қабрата меканданд. Хуб, ки аввал ба ишора «Будам» гуфтиву сонӣ рад кардӣ...»
28.05.07.
ПИЁЛА
Ҳамсоязан, ки «Би-би-си» ном бардошта буд, пиёла паси девор дошта моҷаройи хонайи ҳамсояро гӯш медод. Пиёлайи овоздузд аз байни оҳану санг ҳам садоро кашида мешунавонд. Моҷаройи заношӯйӣ буд:

пешина
аз 344
навбатӣ