Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба лаби сатил мерезанд.
Бас будагист борон? Сарамро шуштӣ, танамро шуштӣ.
Вазни ҷомайи сангшиканиро бардошта наметавонам. Хайрият, ки поям луч. Вагарна даруни пойафзори надоштаам обхона мешуд. Ҳамааш баройи писар. Ҳамин ки хизматро соф карда омад, дар ин мулки бекорӣ барояш кор ёфт намешавад.
Ё баргашта меравад, ё дастайи бодконро аз дастам мегирад.
Чунки ба қавли радио «корҳо фалаҷ!» Худоҷон! Ягон кас духтар медода бошад ба писарам? Ман – ин хел; занак – ун хел; писар дар шаҳри урус.
«Ъай-е! Дар шохат бало! Дар рӯйи санги ман чӣ кор мекунӣ? Аз шайтониат намондӣ-дия! Ъай! Шохат шиканад, бесоҳиб!» (ъайнакро гирифта, бо чашми оддийи нобино менигарад, ки дар рӯйи санг чизе нест. Дастмурӯсак мекунад.
Чизе ба дасташ намеояд. Механдад. Дар зери борон бо он аҳвол ханда аҷиб метобад, вале ӯ намебинад. Тасаввур мекунад.) Аҷиб. Худи Дунё аҷиб! Мӯйсафедон чунин мегуфтанд.
Ҳамаашон зери хоканд. Ба ҳарфи ман касе бовар намекунад.
Монанд ба гуфтаҳойи онҳо гӯям ҳам бовар намекунанд; зеро сухани ман асар надорад. Арбоб бояд сухан гӯяд. Дурӯғ гӯяд ҳам рост мебароранд. Назири Сиёҳ чун маст шавад сурудаш чунин буд: «Бепул суханат асар надорад, ҳоле, ки ту дорӣ, хар надорад...» Баъд аз сари девор садо мекард: «Замонбой!
Мефаҳмӣ маънийи ҳамин ашуларо?» «Мефаҳмам ҳамсоя, лекин илоҷ надорам!» «Чӣ хелин илоҷ?» «Мефаҳмаму гуфта наметавонам!» Аз ин рӯ ман гунг. Мебинаму шинохта наметавонам; баройи ҳамин ман кӯр! Мешунаваму ҷавоб намегардонам; ман кар... (Сӯйи деҳа, дарвоза ва чанор нигариста.) Ин пардайи борон дидан намемонад-ку? (Тоқийи тарро аз сар гирифта, бо дасти дигар айнакро бардошта рӯю чашмон пок карда.) Ин пардайи тар пешбанд кардааст. Миёни душоха дурроҷ лона мегузошт. Чанд сол боз намеояд. Ягон сайёд шикор кард? Дар шохаҳойи дигар мурғакон лона мегузоранд.
Баъд парида мераванд. Ба ҷойи чӯҷа хазон мешинад дар он лонаҳо... ман ҳам лона месозам. Чӯҷаяконам аз ғарибӣ бармегарданд.

пешина
аз 344
навбатӣ