Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар ин вақт бориданат – ъузри бадтар аз гуноҳ. Тани маро мешӯйӣ, тани сангро мешӯйӣ, гарди чанорро мебарӣ; корат ҳамин. Офтоб, ки баромад, боз замин қайроқ мегардад. Монанди пӯсти дасти сангкане мешавад, ки дар умраш палови равғанӣ кӯва накарда бошад. Шахи сафед! Ман мурдаву ту – зинда, туро ба кандану шикастан паст карда натавонанд; решаат дар фарқи замин; қуллаат дар нӯги Осмон. Малул нашав, ки касе туро нобуд месозад. На! Ман шикастаҳоятро лахтҳойи паридаатро, пора мекунам; зӯрам расидаашро. Ҳамин ғӯтакатро чанд рӯз боз саркӯб мекунам; дастайи сангфарсо шикасту сари ту на. Гумонам, оқибат сарам ба сарат ҷанг андохта, халос мехӯрам. Онгоҳ ту ҳам халос мехӯрӣ. Дигар ба сарат каси боткон мезадагӣ намемонад. Чунки одамон роҳи осонро пайдо кардаанд; пулдорон албатта. Молхонаҳо, саройҳо, гаражҳо ва бисёр ободониҳоро ба як мирӣ харида, вайрон карда, сарпаноҳ месозанд. Қадру қурби санг кам шудааст. Лекин муваққатӣ: давидани гӯсола то каҳдон. Гӯсолахонаҳо низ валангор гаштаанд.
Гӯсола ҳам намонда. Аз ин рӯ ғарибкорҳо аз шаҳри дур доллар фиристанд, инҷобудаҳо чӣ кор карданашонро медонанд; очаш барин. Санги ҷон! Ман ҳам баройи писар ба сарат санг мезанам.
Ин қадар сар сахт макун! Танатро макаш, мафишор! Ба номи Худо, баройи худам. Баройи писар хонаву дар мекунам. Дигар кӣ дорам? Аз сари ғазаб фуро! Андак нарм шав! Ба ман ҳам раҳм бикун! Дар дастам мадор намонд. Дар сару тани ту на мӯй монду на пӯшок; варақ-варақу тора-тора париданд. Вале устухонат маҳкам будааст. Гӯё бо асалу мумиё устухонатро шах карда бошанд. Мешунавӣ бо ту чӣ хел муомила мекунам; чунон ки зани ману тракторчӣ. Агар ба ҳарфам гӯш накунӣ, хашму ғазабамро орӣ ва ҷонам гулӯгир гардад, чархи трактори ӯро канда, оварда ба сарат бор мекунам, санг, аз тораш як шиша солярка рехта оташ мезанам; суп-сурх мегардӣ, мағзат месӯзад оташ гирифта ва аз сарат оби сард мерезам, ки чун шишайи чароғи тафсида торс-торс пош мехурӣ; ту бо одам шӯхӣ накун; роҳашро меёбад, лекин баъди аз дасту пой мондан.
Бор борон! Аз кор монондӣ. Пой намедорад дар ин адири лағҷонак. Магарам, ба ҷойи ту худам ғелида то рӯйи сой равам. Э Худо! Ин ҳама ашки чашмони мананд. Аз рӯзе ки худро мешиносам, фаслу нофасл, ҳудаву беҳуда оби чашмам мерезад; гумон дорам, ки ҳамон ашкҳо ғубор шуда сӯйи осмон рафта, инак меборанд.

пешина
аз 344
навбатӣ