МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Бӯйи хлеб низ буд. Боз бӯйҳойи омехта, ки ҷудогона фарқ карданашон осон набуд. Вале аз байни ин ҳама бӯйҳо ба машоми Старшина бӯйи хун расид. Баргашта ба атроф нигарист. Ҳамаро ором, сархам, вале хеле ҳариси хӯрдан дарёфта, андаке ором гашт. Аммо муаммойи гум шудани кордча ӯро безобита гардонд. Бедандонро дид, ки баъди чанд тан, қафотар аз ӯ қарор дошт. Истод дар гӯшае дигаронро пеш гузаронида. Чун Бедандон наздик омад, баногӯшӣ кард.
«Ана нозу неъмат. Хур! Сер шав!»
Бедандон чизе нагуфт. Ба косааш ҳам чизе нагирифт. Аз саф набаромада пеш рафт. Косайи холиро бурда рӯйи миз гузошт. Бушлатро ба муттакойи курсӣ андохт ва берун рафт.
Барнагашт.
Дертар баъзе сарбозҳо безобита гашта, бурун омаданд. Ва ӯро дар пешгаҳи мабраз пайдо карданд:
Шикамаш чок. Чашмонаш кушода. Зери гулӯяш – бар сари сина кордчайи Старшина меистод. Рӯдаҳояш канда-канда буданд. Мазмун: аз миёни рӯдаҳо ҳамон конфетро ҷустааст…»
15.12.06.
БИСТАРИ МАРГ
Пиразан рӯйи бистар хобида, чанд бор лабонашро бо оби забон нам карда, сари вазнину гаронашро сӯйи нишасти мард тоб дод, то чизе бигӯяд, магар сухан гаронӣ мекард ё гуфта наметавонист, ки миёни абрӯяш гиреҳ зада чин дар пешониаш ҷӯя мебаст ва пуралам нафас мебаровард:
«Мардак, аз гуноҳам гузаред…»
Паст буд ин ҳарфи нафасӣ. Аммо баройи мард аз садойи бомба ҳам сахттар ва баландтар. Чизе нагуфт. Ба андеша рафт. Аз тиреза берун нигарист ва дар дил пурсид: «Чӣ гуноҳе бошад?»
– Мардаак!
Боз садо набаровард пирмард ва тамоми зиндагийи якҷояву ноҷояашонро пеши назар овард. Лек садо набаровард.
– Мардак, аз гуноҳам гузаред, мегӯм…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё