Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Старшина чизе нагуфта, шишаро сӯйи ҷавони сияҳмӯйи ба назар, чашмонаш хунгирифта дароз кард.
– Неее, ман дар омади гап гуфтам, дар умрам нахӯрдаам.
– Нахӯрда бошӣ, акнун мехӯрӣ!
– Не. Падарам фаҳмад, ки арақ хӯрдаам, хона равам, мекушад.
– Хона намеравӣ. Туро дар ҳамин ҷо мекушем.
– Шӯхӣ накун, старшина.
– Ҷойи шӯхӣ нест. Гапи мард якта. Ман фаҳмидам, ки ту киноя мезанӣ. Ба назарам, ҳамшаҳрийи Бедандон ҳастӣ.
– Э мон!
– Чиро монам?
– Охир ман, ишора кардам, ки зудтар арақро хӯред, то…
– Не, ту прокурори ҳарбӣ ҳастӣ? Як фисин! Аз мошин пар!
Пар! Ман ҳам мепарам…
– Хайр. Агар ин хел биё баробар парем…
«Арақро заҳр кардед, дар баданамон!»
Ин садо аз пешгаҳ омад. Старшина надонист, ки кист.
Олуғда ба ҳар кадом менигарист:
– Боз инаш кӣ?
– Охир, рост мегӯм. Як туйӣ дар ҳамин даста?
– Ҳааа… Ту? Ту ҳам дорӣ. Ман кайҳо инро пай бурдаам.
Маллабой! Ба ту чӣ намерасад? Арақ? Ина! – шишаро тори сар бардошта, ба фарқи сари ӯ заданӣ буд, ки аз пас дошта, дасташро тоб дода гирифтанӣ шуданд. Ӯ дудаста дошт шишаро. Арақ рехт. Фазойи бордон пур аз бӯйи арақ шуд. Ҳама баробар фурӯ мекашиданд бӯйи онро.
Старшина шишайи холиро раҳо карда, даст ба соқи мӯза бурд. Кордчаро пайдо накард.
Мошин такон хӯрда, истоданӣ шуд. Аммо рӯйи ях лағзида ба чизе бархӯрд.
«Омадем».
Садойи оне буд, ки аз ҳама қафо дами дари пушт бепарво менишаст.
Ронанда омада аз берун дарро кушод.
Ин ҷо хобгоҳи қисми ҳарбӣ. Ҳама як-як аз мошин бурун омада, саф кашиданд. Гӯё чизе нашудааст. Танҳо бӯйи ошнойи карами пухта димоғҳоро мехоронд ва зери забон луоб ҷудо мешуд.

пешина
аз 344
навбатӣ