Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ман гуноҳи туро намедонам.
– Медонед! Ҳамаашро хубтар аз ман медонед…
– Бигӯй, то ба ёдам ояд!
– Ман як бор Шуморо «ту!» гуфта будам.
– Ин чӣ ҷойи узрпурсӣ дорад? Ту Худойи худро «Ту!»
мегӯйӣ, маро чаро шумо гӯйӣ? Гузаштам!
– Як бори дигар «Мур!» гуфтам.
– Кошкӣ мемурдам!... Бахшидам!
Зан дуру дароз хомӯш монд. Ҳайрон буд аз посухи мард ва андеша дошт, узри дигарро пурсад ё на?
– Мардак?!
– Ҳа.
– Гуфта наметавонам…
Ва хомӯшийи дуру дароз шуд. Пирмард гумон кард, ки хобаш бурд. Низ хомӯш монд ва андеша дошт, ки аз донистаҳойи ӯ кадомашро мегуфта бошад. Садойи сахт омад, гарчӣ ӯ оҳиста мегуфт:
– Ман шумоя сахт ранҷондагӣ: Як матоъи ҷир-ҷир буд, чӣ буд? Дар тани занҳо пайдо шуд. Ҳавас кардам, ки ман ҳам аз ҳамон курта пӯшам. Аз шумо хоҳиш кардам, ки як либос бихаред. «Пул надорам» гуфтед. Ман бовар накарда, боз илтимос кардам. «Пул надорам!» гуфтед. Бори сеюм зорӣ кардам.
«Пул надорам!» гуфтед. Ман сахт асабӣ шудам, ки дурӯғ мегӯед ва дилатон ба пул намешавад. Қариб буд сарам кафад:
«Ким-чӣ деҳу бихар!» гуфтам…Хомӯш мондед, ҳозира борин. Дигар мард мешуд, рост чок мекард ё ҷавобамро медод.
– Мо аз ҳамон лаҳза ҷудо будем.
– Лекин дар як хона зиндагӣ мекардем.
– Ба хотири фарзандон. «Хор нашаванд, як кас бепадар нагӯяд» андеша мекардам.
– Як бори дигар ман аз номи зани ҳамсоя гуфтам: «Мегӯяд, ки чӣ коре шавҳарам кунад, ман ҳам мекунам!» Шумо зуд гуфтед, ки ин гапи зани ҳамсоя не, гапи худи ту!» Рост гапи худи ман буд. Ман хафаву ғамгин мегаштам. Зани ҳамсоя гуфт, ки «биё ба кор даро» Ман аз шумо напурсида, коргар шудам. Баъд он зан ҳар коре, ки мекард ба ман ҳам ёд медод…

пешина
аз 344
навбатӣ