Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вақти говгум. Ҷовидони бебок аз девор парида даромадани ӯро дида, пешандоз то назди масҷиди гузар бурда, фарёд зад:
«Дузд! Дузд!» Дуздро дошта ба милиса супориданд. (Муомилаву муносибати милиса – як китоб. Ҳоло дар ин бора чизе намегӯям, зеро дузди навбатӣ дар паси дарвоза.) Бузургписарам аз фиғону мағали сагҳо бедор шуда омад. Ӯ як шохи буридайи бедро ба даст гирифт. Ман хаскашакро.
Вале намедонистем, ки дузди нотарс чӣ олоте дорад. Эҳтиёт – ними ҳаёт, дарвозаро накушода аз роғи он менигаристам. Касе ё садое набуд. Яқин кардам, ки дузди маст чанде омада бо хори марминҷони часпаку боздор дакка хӯрда ё ба даҳан рафтааст, ё ноҷунбон монда, ки на садову на шарфа.
Сагҳо низ орому хомӯш гаштанд. Ошно ягон-ягон меғуррид. Ман аз тарс дар кулбайи дами дарвоза нахобида дар ошхонайи бинойи асосӣ рӯйи мизи наҳор дароз кашидам.
Хоб парида буд аз сар. Ҳама дуздиву дуздоне, ки медонистам ё аз куҷое хонда будам, ё дар филмҳо дида, аз лавҳи хотирам мегузаштанд. Дуздӣ ҳам ҳунар. Лекин дузди бетаҷрибаву нодон зуд ба даст меафтад. Инҳо хасдузд ё қотил. Вагарна дуздҳойи ҷаҳонӣ бонкҳойи Оламро ғорат мекунанд...
Хулоса, ҷон дар таҳлука. Чароғи саҳни ҳавлӣ фурӯзон. Ду чашми ғафлатзадаам ба дарвоза. Дами субҳ Полвон фиғон бардошт. Аз паси шишайи тирезайи айвон нигаристам, ки костумпӯше зинаро фуромада андаке пеш омад. Полвон худашро мекушт, аммо аз Ошно садое нест. «Ин дузд не, қотил.
Ошноро кушта, ин ҷониб меояд».
Аммо дузд аз роҳаш гашт. Ё маро дид ё аз садойи Полвон ҳаросид. Баъди андаке Полвон низ хомӯш гашт.
Писарбузургро бедор кардам. Ҳодисаро мӯ ба мӯ гуфтам.
Олоту аслиҳа дар даст нав дарро кушода будем, ки дузд намоён шуд.
– Омад!
– О дада, ӯ набераатон-ку?! Комёр!!!
Аз бемадорӣ сари по нишастам: «Уффф... хайрият, ки камон надоштам...» Лек куртасафеди шабина дигар кас буд, ин костумпӯш каси дигар...
10.04.07.

пешина
аз 344
навбатӣ