МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
9.04.07.
САГЕ ЁРИ РӮБОҲ
Мурғдор дар роҳи омади рӯбоҳ, даруни обмӯрӣ дом гузошт, то дуздро дорад. Саги худӣ ба дом омад. Паҳлӯяш мурғе мурда фитода, ки даҳони саг нарасад. Соҳиб пойи саг аз қапқон ҷудо карда гуфт: «Агар ту саг будӣ, ҳоҷат ба қапқон набуд, дузди хона!»
9.04.07.
ДУЗД
Як ғояти шаб. Сагро аз дарвоза бароварда андаке гардонидам ва боздароварда дарвозаро бастанӣ будам, ки садойи хорҳойи анбӯҳи марминҷонро пахш карда пеш омадани ҳайвоне ё дигар чизе баромад. Зеро бо он роҳи касмагузар дигар ҷондор омада наметавонад; ҳатто дар рӯз. Лек ба чашмам омад; сурате меояд деввор ва ҳадафаш манам. Зеро сагро дароварда баста будам ва бо мани танҳо мубориза бурдан осонтар буд. Мӯйи баданам дамид ва косайи сар низ ҷунбид.
«Баҳ-баҳ! Гиркиш!» – дигар чӣ кор карданро надониста аз куртасафеди девонавору хорнописанд ҳаросида сагонро ба ёрӣ даъват кардам.
«Э ака, сагота фарёд накун!»
Садойи одамӣ омад, ки на саг, балки сагҳо доштани моро медонист. Бо ӯ тую ман накарда зуд паси дарвоза шудам ва калид гардонидам. Саги бадҳайбати Ошно дарвозайи оҳаниро ханҷол зада, тела дода баромаданӣ буд ва баробари ҳаракатҳояш дилам метапид. Сагчайи резапайкари зангӯла ва ба ном Полвон маҳалларо ба дод оварда буд. Ба назар аз тарси хеш меҷакид. Ошно дер-дер «ҳаф!» мегуфт ҳавливу ҳарамро ба ларза андохта.
Ҳамсояҳо дар хоб буданд ё аз тарс кӯрпа ба сар кашида.
Зеро гоҳ-гоҳ чунин ҳодиса такрор мешавад ва баъди замонҳо мефаҳмем, ки дузд ин кардааст ё он. Замона баройи дуздӣ мувофиқ. Чанде пеш саги ҳайдавро чизе хӯронданд, ки як шаборӯз хун шошида мурд ва баъд дузд даромад ба ҳавлӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё