МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
«ОДАМ МУРД»
Дар ду соъате, ки дар деҳот чароғи барқӣ фурӯзон мегардад «EURONEWS» воқеъаҳойи оламро ба такрор нишон медиҳад. Дар кадом мамлакат обхезӣ шуда нафаре ғарқ гаштааст. Бо аламу ҳаяҷон ва шӯру валвала гуфтор мекунад:
«Одам мурд!» Дар паси девори ҳамсояйи телевизордор шаш мурдайи сӯхта қатор гузошта шудааст, расонаҳо бехабаранд ё аз гуфтанаш метарсанд.
«Хона оташ гирифт аз берун ва шаш нафар дар кӯрдуд монда, илоҷи баромадан наёфта, дамгардон мурданд. Зеро оташ чунон фарогир буд, ки на аз дарун ва на аз берун дару тиреза кушодан имкон надошт. Аммо...
... аммо касе намедонист ва касе собит карда натавонист, ки он чигуна оташ буд. Ҳар кас ҳаргуна мегуфт:
Чӯпони девлохи камари паҳлӯйи шахи Сафед: «Бедор будам. Гирди мол мегаштам. Як даста оташ бо кӯчабоғӣ омад; таги дарвозахонайи худораҳматийи Бобо ғайб зад. Боз даруни ҳавлӣ пайдо гашта, рӯ-рӯйи роҳ давид ва ба хона часпид...»
Фолбин: «Як мӯйисардор аз тарафи Ғор омада, ҳамин корро кард».
Аз «Барқи тоҷик»: «Аз сандалӣ». Лек сандалӣ ва кӯрпайи рӯяш осебе надидааст.
Аз идорайи зидди сӯхтор: «Аз сими барқ». Дар ҳолате, ки дар як шабонарӯз ду соъат нерӯйи барқ мешуд ва симҳо даруни деворианд.
Дар соъати 23 шаб ҳама ҷо торикистон.
Милисайи музофот: «Аламзада буданд; худашон қасдан кардаанд».
Хулоса: «Аз сандалӣ».
Хулоса раднашаванда. Зеро ба сандаливу кӯрпайи рӯяш ва онҳое, ки дар он хона мурдаанд гули оташ ҳам нарасидааст.
Баъд телевизору радиойи даҳанакийи деҳа ба кор даромад.
Ҳазору як тахмин. Тахминҳо ба гӯши мурдаҳо даромада, то гӯр рафтанд. Аммо муайян нагашт, ки хона чигуна ба он суръат сӯхт. Бӯйи дудаш ҳам набаромад. Лекин расонаҳойи олам ҳанӯз ҳам он нафари мустағриқро мегӯянду нишон медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё