МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Вазъу ҳолро пай бурда, ҳамроҳдорӣ карданӣ шудам.
– Ҳуҷҷат доранд?
– Не. Ҳоло узви иттифоқи нависандагон нашудаанд.
– Гапа намефаҳмаду?
– Шумо парешон нашавед, гапа нафаҳмад ҳам, нияташ пок.
Мегӯяд, ки дилкушодиву бекинагиву мардонагийи шоҳро бинед, ки...
– Ин хел бошад, бо ин роҳ.
Ӯ моро бо роҳҳойи каҷу килеб, миёни ошхонаву танӯрҳойи самбӯсапазӣ ва анбӯҳи одамони шоду масрур, ки консерт тамошо карда баромада буданд ва аз хубиҳойи Наврӯз, ки бори нахуст чунин идро дидаанд, ба якдигар мегуфтанд, убур карда, ба ҷое расидем, ки пештар он ҷо истода будем, аммо гузаштан имкон надошт. Ҳамин лаҳза мошинҳойи ҳукуматӣ гузаштанд ва мо назди автобуси «Ориёнбонк» омадем. Дер нигарон шудем дигаронро. Касе наомад. Сонӣ ишора ё амре шуд, ки мо панҷ-шаш нафарро автобуси рақамаш ба ном – 21,22,23... то тарабхона барад. Дигар мошинҳо холӣ рафтанд.
Дар даромадгоҳи тарабхона ҳуҷҷат пурсиданд. Шоъир
Машраб даъватнома надошт.
– Як тараф истед! – гуфтанд ба он кас ва ба ман рӯ оварданд: – Ин кас аз куҷо?
– Аз иттифоқи Нависандагон. Шоъир Машраб. Ин кас дарбони бинойи Иттифоқи нависандагон низ ҳастанд. Ҳар рӯз ҳазор кас аз он дари кушод медарояд. Меҳмонеро намепурсанд: «Ту – кӣ?» «Гузарнома» ҳам намепурсанд. Одами аҷиб.
Дилашон аз Осмон ҳам васеъ.
– Шумо худатон ҳуҷҷат доред?
– Бале!... Ин шиноснома, инаш даъватнома.
– Шумо Облоқулов нестед?
– Аз куҷо медонед фамилияйи кӯдакийи маро?
– Мо пӯсти ҳар кадоми шуморо дар чармгарӣ мешиносем.
Ин хел бошад, шоъир Машрабро пӯст наканда, рухсат диҳед, дароянд.
– Кафолаташ бар дӯши шумо. – Табассум карда фармуд ӯ.
– Бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё