Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Сари хони наврӯзӣ шиштему хестем. Зеро Шоъир Машраб нагузошт, ки бароҳат нон хурем: «Хезед бародар, ҳамин хӯрдаамон кифоя. Якгазӣ нон гирифта бошем ҳам ҳаққи ду кас шуд. Аз ин зиёдаш ноинсофӣ...» Ман ҳайрон шудам аз ҳолату гуфтори ӯ, ки андеша карда, чӣ дард кашида бошад?
22.03.07.

ЯПОНЧА
Мурғе нӯҳ чӯҷа дошт. Шаш чӯҷааш бо ҳар сабаб нобуд шуд. Ба назари соҳиби мурғ чунон метофт: ин ҷонвар то ҷое бепарво, ки ба марги фарзандонаш «қурт» намегӯяд. Ҳол он ки дигар очамурғон то ба воят расидани чӯҷаҳо нагузоранд наздик омадани душману сайёдҳоро. Гардан ёзида, ёл бардошта, пару бол фаххонда, минқорқавию тезнохун ҳуҷумовар шаванд, ки саг дошт дода натавонад. Аммо ба мурдайи фарзандон ё сарпечак шуда нӯли зардак аз тухм намоён карда, нобуд шудани бачаҳояш бепарво... Шабе мурғ ҳамроҳи чӯҷайи сафедак аз шохи дарахт фитода мурд; маълум нашуд, ки онҳо харак хӯрда, фитода, мурдаанд ё ҳамсоя баройи ба ҳавлиаш гузаштан гандуми маргимушомехта додааст. Ба ҳар тақдир мурданд ҳама; танҳо Японча монд. Вале чунон ҳайрон монд, ки ӯро чӯҷабарак аз як мамлакат ба кишвари бегона бурда раҳо карда бошад; ҳеҷ чизро намебинад, ҳеҷ чизро намедонад. Ҷуз «чу!» гуфта, фарёдзанон аз як сӯ ба сӯе тохтан кори дигаре надорад ва касе ба фарёдаш намерасад. Мондаву хаста шуд аз тохтан, аз ҷустан. Худро ба ҳар села мезад, аммо мурғони чӯҷадор нӯл зада, дур меандохтанд. Ғелида бозмехест ва «чу-чу!» фарёдзанон гириста, так медавиду боло...
Японча бо ҳазор озору азоб бузург мешуд. Лек қаду басташ ба мурғони кулангӣ монанд намешуд. Пастаки нӯлу пойҳояш зардаки сағира. Аз пайи болдорҳойи хурд метохт баройи рӯзӣ. Мокиёне дигар куркиаш нарафта, аз зарурат бошад, чӯҷаҳояшро ба воя нарасонида, нӯл зада онҳоро аз худ дур андохт ва боз болойи тухмҳойи нав нишаст. Чун гоҳи ҳаво додани тухмҳойи гарм мерасид, аз сӯрохийи коҳдон бурун омада, бол меафшонд, об мехӯрд, дон мечид; садо дардода чӯҷаҳойи новақт ятимча кардаашро пеш мехонд, навозиш мекард ва боз «қуд-қуд» зада аз сӯрохийи коҳдон гузашта, тори тухм парч мешуд.

пешина
аз 344
навбатӣ