МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Тир дар пешонайи бино мезад, шишаҳойи ғафсро сӯрох карда гузашта, шишайи тарафи дигарро шикаста мебаромад, ё ба сутунҳо бархӯрда пачақ гашта, ба замин меафтид, мо мечидем... Ман будаму шумо, аз паси бино меомадед. Хонаатон наздик буд-дия. Дигар ҷонзоде набуд. Ҳама гурехта буданд...
Регариҳоро фирефта, оварда буданд... Аҷаб рӯзҳое буд... Ин шоҳи сафеддилро бинед, ки имрӯз дар Регар Наврӯз мегузаронад...
– Дар Раштонзамин ҳам гузаронд-ку?
Қандаша занад! Фақат ба ҳамин хотир меравам. Шумо ҳам ҳамин ҷо будаед, хуб мешавад...
– Ҳамон тирҳоро чӣ кор кардед? – пурсидам чӣ гуфтанамро надониста.
– Ба хаёлам, дар як латта баста, заминро канда, дар куҷое гӯр карда будам...
Мардуми ду тарафи роҳ, ки гулҳойи наврӯзиву сияҳгӯш афшонда, «Корвон»-ро хайра мақдам мегуфтанд ва халқони деҳот дар ҳар идгоҳу рӯйи сабзаҳойи навдамида наврӯзӣ доштанд, диққати моро рабуданд. Заминҳойи кишта, шудгор ва майсайи тирамоҳӣ чашмрабо буд; барфи сафеди сари силсилакӯҳи Ҳисор ҳам...
Рафтем. Азбаски аз миёни анбӯҳи одамони идхоҳ мошинҳо дер гузаштанд ва сухани табрикийи Шоҳи тоҷикон сар шуда буд, посбони Иттифоқ ҳам бепурсиш ҳамроҳи аҳли зиё гузашта ба курсийи тамошо нишаст. Чун тамошо тамом шуд, дар дами роҳрав, ки нишаста будем, аз ҳама пеш баромада сӯйи қароргоҳи мошинҳо рафтем. Як марди айнаки сиёҳ пӯшида ба чашм моро боздошт: «Ҳоло наравед!» Аммо посбони мо матлабро дуруст нафаҳмида «мо ба мошин савор мешавем!» гуфта равон шуд.
«Ӯй! Сабр кунед, мошинҳойи асосӣ бароянд, баъд...»
Валек Посбон «Мошини мо ҳӯ...» гуфта буд, ки нозир аз китфи ӯ дошт.
«Ҳа? Аз китфи ман дошта мекашӣ, ки ягон гуноҳ кардам?»
– Ин кас, кӣ? – пурсид аз ман.
– Ин кас шоъир Машраб. Иштирокчӣ набошад ҳам, мушоҳидачийи ҷанги тақдирсози 1992. Ёдатон бошад, Фронти Халқӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё