Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба беморони дигар фармуд, ки маҳз чунин мурғи ранга пайдо карда оранд. Ҷояшро низ таъйин кард: «Ин хел мурғ дар бозори паррандафурӯшийи Шоҳмансур мешавад. Аз фабрикайи мурғи Файзобод меоранд. Лекин ниҳоят камчин. Ҳар рӯз ба бозор бароед...» Дар ин муддат сари тораки буридайи мурғ карахш баста, рӯ мегирифт ва ба савдо мерафт. Ин мурғро писараки донишҷӯ – хеши дури табиб ҳафтае як бор, рӯзи чоршанбе ба бозор мебаровард. Рӯзҳойи дигар мурғонаш ҳарранга мешаванд ва дар сар захми пайи теғи уротеппасохт низ доранд.
Дар чиллайи дигар Жоларо мадор намонд: «Ин ҷонвар дарду балойи ҳама ҳоҷатмандонро ба худ гирифта, оқибат ба чунин ҳолу рӯз гирифтор шуд».
Ин ҳарфи табибзан буд. Дилсӯзӣ буд ё пушаймонӣ ва ё таъна, занак бо ҳасрат сухан мекард:
«Ина бинед-а, ба ҳолаш мурғони ҳаво мегирянд».
Ба ҳар тақдир, Жола ҳолатеро гирифт, ки ранги сурхийи рӯяш заъфаронӣ гашта ба ранги нӯлу пояш монанд шуд. Аз иштиҳо монд. Ҳатто ба куштан муносиб набуд:
«Пушти девор партоед, саг ҳаст, пишак ҳаст, мехӯрад...»
17.03.07.

ШОЪИР МАШРАБ
Посбони бинойи Иттиҳодияйи нависандагон ба автобуси сафарӣ дохил шуда паҳлӯйи банда нишаст ва баъди ҳолпурсиву муборакбодийи Наврӯз гуфт: «Одати мо дар Наврӯз аз шаҳр берун бояд раванд. Ба ман гуфтанд, ки бо «корвон» ҳамроҳи шумо равам, «Тамошо карда биём». Ман пардадариро дӯст надорам, аз ин рӯ напурсидам, ки «кӣ гуфт?», балки сӯҳбатамон аз дигар тараф қӯр гирифт: ӯ лаб кушод: «Дар қаровулхонайи дами дари Иттифоқ як телевизор мондагӣ. Бекор монем, тамошо мекунем. Аз иҷлосияйи Қасри Арбоб то имрӯз кору барори президентамонро нишон медиҳад; авҷи одам меояд, ки ин ҷавонмард дер подшоҳӣ кунаду зинда бинад... Ёдатон ҳаст, ки ҳардумон аз толори бино тир мечидем?»
– Ҳаст албатта...

пешина
аз 344
навбатӣ