МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– О не-я! Ҳунарманд мара рост чок мекунад.
– Янга, мара нав дидӣ?
– Пур дидам. Лекин феъли ҷӯрата медонӣ: Худама кушу бузама накуш.
– Медонам, мумсукиаша медонам...
– Ита нагу...
– Не феълаша медонам, янгаҷон! Лекин илоҷи дигар нест.
Ҳама калонҳо медонанд, ки ман баройи рубоб омадам, бояд бубарам. Ага не, бозӣ вайрон мешавад ва ман... гуфта наметавонам.
– Бугӯ!
– Ва ман хону монамро бой медиҳам.
– Э вой-э! Бубару зуд биёр!
– Ай! Баъд, янгайи ширина фиреб мекунум?
– Ина рубоб.
Абду хандид: «Устод, ҳоло Ҳунарманд мурғи парсӯхта шудай. Гумон мекунед маро диданӣ омад? Не. Рубобсуроғ омад...»
17.09.07.
НОБАКОР
Бар падари ту дузди тайёрхӯри хира ҳазор лаънат... Гумон дорад, ки сол аз дувоздаҳ моҳ, баройи дуздийи ӯ хизмат мекунам. Дар рӯзи равшан ғорат мекунад лаънатӣ. Аз дар ронӣ, аз бом меояд. Он қадар хира, ки танҳо тир андохтан мондааст.
Дигар ҳама корро кардам, аз дасти ӯ ба танг омадам. Дилзанӣ пайдо шуд, бемадорӣ омад. Кор кардан душвор. Зӯри кор надорам. Хаёли ӯ, ки як умр баройи он мумсики рӯйинатан хизмат кунам. Ҷиғилдонат пусад, нобакор! Наход баройи ҷиғилдони туро пур кардан боғ сабз карда бошам. Тут, ки бачахӯрак шуд, ба боғ дуздӣ меояд. На гелос мемонад, на зардолу, на шафтолу, на анҷиру ангур, на себу хурмо; ҳамаро ба яғмо мебарад. Пасхӯрдаҳояш хушк гардад, аз барфу борон нам гирад, ҳамонҳоро ҳам мекашонад. Сад муш дар пеши ӯ як пул. Шохи дарахт нишаста, ҳамраҳонашро ишора мекунад, дар як нафас боғ пур аз дузд мешавад; на ба калтаккорӣ, на ба сангандозӣ, на ба дӯғу пӯписа онҳоро ронда мешавад; на бо садо; сад ҳилаву найранг – як пул. Ҳамин қадар мондааст, ки ба ҷойи шошма намаки ғурӯша ҷой карда, аз дунбааш ё сари синааш андозӣ, ки хуб сӯхта, мурад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё