Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Абду бо як тор чӯби гӯгирд торҳоро ларзонда ноустойиашро рӯпӯш мекунад:
– Нохун нест, захма нест, мизроб нест... бо чӯби гӯгирд ин хел асбоб нағма намебарорад.
– Асбоби хуб бо ангушт ҳам нағма мебарорад. Ҳунар нест, гӯед.
«Дилум, дилум, дилум-э!»
– Дидед, ҳам нағмайи рубоб баромад, ҳам нағмайи худатон.
– Шумо медонед ин рубоби кӣ?
– Рубоби Ҳунарманд...
– На бобо, ин рубоби Муҳаммад Умар.
– Муҳаммад Умар?
– Бале. Рубоби Муҳаммад Умари ... Ин рубоб сайри таърихӣ карда, аз Афғонистон то Фаранг рафтааст ва Ҳунарманд онро дар он ҷо дида ошиқ гаштааст ва харида овардааст.
– Ҳунарманд бояд ошиқи касби хеш бошад.
– Яку ним ҳазор доллар харидааст. Меарзад-а?
– Нархи пӯпийи товусаш нест. Агар ин рубоб сайру сулуки олам дида бошад, ҷаҳонгард шуда бошад, асбоби таърихӣ шудааст ва чунин нарх ночиз аст.
– Ман ӯро боб кардам, устод. Аввал ӯ маро боб карда буд, инак ман боб кардамаш. Ҳоло дар пӯстинаш кайк ҷо шудааст.
– Чун?
– Дутору рубоби маро бурду барнагардонд. Ягона роҳ ҳамин буд, ки бобаш кунам. Рӯзе дар набудани Ҳунарманд ба хонааш рафтам. Аввал ӯро пурсидам. Янга гуфт: «Дар сафар».
«Ҳамин ҷо ҳам маро гӯл зад!» гуфта гиламанд шудам. Янга пурсид: «Чӣ шуд?» Гуфтам: «Ман хоҳиш карда будам, ки дар ҳамин рӯз ба ҷое наравад ва рубоби Умархонро гирифта биёяд. Меҳмонони олиқадр меоянд. Афсус. Кор расво шуд. Ноумед кард». «Ин хел нагӯед, ака». «Янга медонед, ман ба меҳмонҳо чӣ қадар Ҳунарманд ва аз ӯ зиёдтар рубоби Умархонро таъриф кардам. Акнун чӣ мешавад? А, чӣ мешавад-а?
Шарманда шудам!» «Ман надонам, Абдуҷон...»
– Ё рубобро бараму нишон диҳам ва тону нотон нохун карда вақташона хуш гардонам?

пешина
аз 344
навбатӣ