МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Лекин ин кор ҷавобгарӣ дорад; аз нархи мевайи сад боғ гаронтар меафтад. Сабил мон!
Охир як бор андеша бикун, ки мо ҳам нафс дорем; бачаву кача дорем; ба умед боғ кардаем. Ман розӣ будам дар роҳи савоб пурсида хӯрӣ. Лекин ту гӯрсӯхта дуздӣ мекунӣ. Чун дидӣ, ки ман аз зери дарахт дур шудам, гардан дароз карда меойӣ.
Заҳри танат шавад. Ҷиғилдонат пусад! Ман ҳамту намемонам, ки дузд давру даврон кунад; дар бисотам бударо мефурӯшаму камон мехарам; қонунӣ мегардонам, сонӣ гуфтагиамро мекунам. Накунам, ман одам не! Ба ҷойи ман дигар кас бошад ҳам чунин мекунад. Ман ҳайрон: магар танҳо ба боғи ман медаройӣ, ки ҳамсояҳо на садо мебароранд, на парво доранд, на шикоят мекунанд... Ё ту маро доро, чоришкел, бойи бой мепиндорӣ, ё писанд намекунӣ! Намак, ки дунбаву сари синаатро сӯзонд, мефаҳмӣ, ки ман кистам. Айби худамон ҳам ҳаст. Ту, ки тори сарамон хуфту хез мекунӣ, чӣ ҷойи писанд кардану накардан? Туро ба ҳоли худат намемонам. Савганд ёд кардам. Ё мекушам ё дошта даруни панҷара мегирам... Ту зарднӯли, позарди дуздро... Ту майнаро...»
18.09.07.
ЧАПАҒАЙ
Дар зағирпаяву гандумпая ва ҷавпаяйи кушоду беохир, ки
ба лаби домони уфуқ пайваст мешавад, як мард, як кӯдак ва
як хар ба чашм мерасад. Ҷаву гандум дуруда, пая боқӣ монда,
ки зери суми пода поймол гаштааст. Аммо зағирпая пур аз
шутурхору талха ва ҳаргуна буттаҳойи хори зардаку думи говак ва бӯйи модарон. Баъзе истех, бархе аз доси даравгарон
бурида ва зери пойи онҳо шикаста ё каҷ шуда. Баъзан қабати
буттаҳо хӯша, сарак ё буттайи зағиру индов монда. Замин ҷоҷо танайи бузи қайчитарош ва ё мӯйи сари писарбачайи дукорда задаро монад. Гӯйи аз байни ҳама чизи буда гармо медамад. Шояд ҳамин тафсо заминро ҷо-ҷо кафонда боло омада
бошад, ки роғ-роғ аст. Замини гаронвазн хомӯш метобад ва
осмон ба сараш шинад ҳам парвое надорад. Лекин зиллаҳойи
дунёбехабар чунон «зӣ-ӣ-ӣ!!!» гуфта пайваста мекашанд, ки кас гумон мекунад дунё гунбади пурбоди пӯстист ва нохалафе сӯзан зада дами онро мебарорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё