Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Таҷриба мекунем, Неку. Яке ихтироъкор шавем... Ана рӯзноманигоронро бин-дия... Чӣ хел каллаамонро гаранг мекунанд...»
Лек мурғи Жола намегузошт онҳо тухми зери пояшро гиранд. Нӯл мезад, ғазаб мекард, медамид, чангол ба сару рӯяшон задан мехост. Қуд-қуд мекард. Ба ҳимояйи тухмҳояш мешӯрид. Некӯ каллапӯши ҳоҷигӣ дошт. Онро аз сар гирифта ба сари мурғ пӯшонд. Аз зери тоқӣ мурғ дасти ӯро чуқид.
Некӯ ғазаб карда ҷорӯбро гирифт ва мурғро тела дода хезонданӣ шуд. Неши ҷорӯб қат гашта, зӯри мурғро бардоштан надошт. Мурғ фиғон бардошта бар тухмҳо парчин мешуд.
Душоха овард Некӯ. Мурғро ба танайи тахтайи ҷавон пахш кард. Дилшод ларзону тарсон тухмҳоро эҳтиёҳкорона мегирифт.
«Фломастер дорӣ, Некӯ?»
«Не... Вай чӣ худаш?»
«Қалами ранга. Тарафи болоийи тухмро ишора кардан лозим, ки ҳамон зайл дар таги рег гузорем».
«Баройи чӣ?»
«Такорӯ шавад, чӯҷа намебарояд.»
«Э худи очаш сад бор такорӯ мекунад. Бо нӯлаш кашидаву тела дода ҷойгардон мекунад».
Дилшод ба донойиву мушоҳидакорийи Некӯ эътибор дода, чизе нагуфт.
Тухмҳоро дуздиву пинҳонӣ аз чашми бобо бурда зери реги пали боло карданд. Ва ба лаб кулӯх молида, мусичайи бегуноҳ шуда нишастанд.
Мурғи курк фиғон кашида аз тирезайи шишашикаста баромад ва рӯ-рӯйи ҳавлӣ давидаву фиғон бардошта посӯхта шуд.
«Чӣ кор кардед?»
«Ҳеҷ кор!!!» ба пурси бобо баробар посух доданд набераҳо.
«Мебинам, ки коре накардаед. Лозим меояд, ки худам ҷунбам... Сафедорро кандӣ, Некӯ?»
«Не!»
«Меканиву дертар... Ба ин мурғ чӣ шуд?»

пешина
аз 344
навбатӣ