Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Тухмоша хӯрдааст, бобо...»
«Баъзе мурғ ҳамин хел... Гушна монад, тухмашро мехӯрад.
Маҳ, Некӯ. Ин пулро гиру ба хонайи Абдумухтор рав. Нӯҳ дона тухм биёр. Мурғҳойи сафеди хуб дорад... Тухм чанд пул?»
«Дина панҷоҳ дирам буд, имрӯз шаст дирам шудааст...»
«Ҳааа, ҳар рӯз дар тараққӣ».
Некӯ пулро аз дасти бобо гирифт, аммо карахт истод. Ба Дилшод аҷаб менигарист. Дилшод аз нигоҳи ӯ чӣ рамуз гирифт, ки аз бозӯяш дошта «рафтем» гуфт ва андаке рафта афзуд: «Ба назарам бобом ҳама кирдору рафторамонро диданд...»
... Даҳ рӯз гузашт. Набераҳо нигарон, ки тухм дар зери хок чӯҷа мешавад. Беқарор. Зеро мурғ чанд рӯз рӯйи тухм хобида буд, намедонанд.
«Бобо!»
«Лаббай!»
«Тухм зери реги гарм чӯҷа мешавад?»
«Намешавад».
«Дилшод мегӯяд, ки мешавад...»
«Дилшод гуфта бошад, мешавад. Ба шарте, ки замин гарм бошад, рег ҳам. Лекин замин рӯзона гарм мешаваду шабона сард...»
Онҳо беқарортар шуданд. Зеро бобойи рӯзгордида бисёр чизҳоро медонад. Дуртар аз бобо рафта маслиҳату машварат карданд. Аз талхҷорӯб дастае баста, хоки рӯйи тухмҳоро рӯфтанд ва чунон рафтор карданд, ки бостоншиносон бо мӯқалам гирду рӯйи бозёфтҳоро устокорона ва боэҳтиёт тоза мекарданд. Тухмҳо ҳамон зайле ки гузошта буданд, истодаанд.
Бист рӯз гузашт. Дар ин муддат ба умед чандин бор тухмҳоро хабар гирифтанд, ки шояд нӯли зардаки чӯҷае аён гардад, нишоне набуд; тухмҳо надамида буданд. Некӯ ҳар замон ба Дилшод менигарист саволомез. Дилшод посух гуфт:
«Худам дидам, Некӯ. Чӯҷа баромад аз тухм, лекин як-то...»
30.06.07. Душанбе.

пешина
аз 344
навбатӣ