Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Чӣ хел корҳо, бобо?
– Ана ин чӯбу чахсро бардоштан, сангу регро гирифтан...
– Ман метавонам, бобо! – Некӯйи деҳзод бозувон бардошт.
– Некӯҷон, ту ин корҳоро дидайӣ, бачайи кӯҳистон, лекин зӯрат намерасад.
– Ин чӣ? – мушак дамонд Некӯ.
– Ҳа-ҳа!...
– Сафедорро мегардонам, бобо!
– Ӯҳ, канӣ?!
– Трактора мебандам...
– Сима мебандам, гӯй... – ӯро ислоҳ карданӣ шуд Дилшод.
– Не, тарктора...
– Сима...
– Сима банду нигоҳ карда шин-канӣ, чӣ мешавад...
– Ха-ха... Банд трактора!
– Не, ҳоло не. Аввал ҳама чӯбу чинга, хасу хошок, сангу регро мебардорем, сонӣ... а, Некӯ?
Садо набаромад. Набераҳо имову ишораҳойи махсус карданд ва паси бино гузаштанд.
«Сангпушт зери хок тухм мегузорад, Некӯ. Чӯҷа мебарорад. Дар телевизор дидам... Боз як бачаро дидам, ки тухми мурғро зери реги гарм гузошта, чӯҷа баровард».
Некӯ даҳон кушода гӯш дод ва ба суханони Дилшод бовар кард. Завқ бурд. Сонӣ хаёлаш ба тухмҳойи зери мурғи курк рафт ва реги селоварди боғро пеши назар овард, ки чӣ зайл гарм шудааст дар офтоб. Тухмҳоро оварда зери рег пинҳон кард ва дар рӯзи бисту якум чӯҷаҳо аз зери хок сар бардошта, «чу-чу!» заданд. Худ ба худ завқ карду рӯ ба Дилшод овард:
«Мо ҳам даруни реги гарм тухм гӯр кунем, чӯҷа мабарояд?»
«Намедонам... Шояд...»
«Аз бобом пурсам?»
«Не!»
Ва Некӯ Дилшодро бурда мурғеро нишон дод, ки аз тирезайи шишашикаста даромада, андар рафи ҷевон тухм гузошта, тораш хобида буд.

пешина
аз 344
навбатӣ