МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Садо набарор, то рӯзамон батар нашавад... Ин аз ҳамон шохдорҳо. Мабод, ки пошна гираду шох бизанад!»
8.06.07. Амондара.
ЗАҲРИ МОР
«Морро айёми ғамаш макуш, ки ғам орад!» Гоҳи шоҳроҳи Душанбе – Хуҷандро сохтан аз пешбели булдозери роҳсози чинӣ море баромад карахту ноҷунбон, лек гаронвазн. Ӯ морро аз раҳмдилӣ дар кабинайи гарми булдозер гузошт ва чунон саргарми кор шуд, ки мор аз ёдаш рафт. Мор аз гармӣ ҷон гирифт ва ҳушёр гашта заҳр ба банди пойи ронанда зад. Мурда зинда шуд ва зинда мурда.
9.06.07. Амондара.
ДУГОНАГӢ
Онҳо дугонагӣ буданд. Пешу пас аз шиками оча бурун омаданд: аввал гӯшнақшин – сиёҳаки гӯшаш сиёҳу сафеди хол-хол, сонӣ сиёҳаки моҳрӯ. Чун шохашон чумак зад, соҳиб аз эҳтиёҷ бозор бурд. Касе харида хонааш бурд, ҷуз баа-бӯӯ коре надоштанд; ноошно буд соҳиб. Дар боғ ҳайдав кард.
Сӯйи кӯҳ мекашиданд. Шахбаро шуданд. Соҳиби нав баст ҳардуро. Алаф нахӯрданд. Дод мезаданд ба ёди оча ё ватан.
Якеро раҳо кард, дигареро баст. Озод гирди баста мегашт. Зуд ҷон гирифт ва чаро кард; гӯшт гирифт. Баста ҳамон лоғар буд.
Бастаро раҳо кард; озодро баст. Баста лоғар шуд; озод фарбеҳ.
Ҳардуро озод кард, ки одат ба боғ карданд. Боз аз сари девор парида сӯйи шах рафтанд. Шабҳо намеомадагӣ шуданд.
Соҳиб аз тарси хӯрдани гургу шағол ҳар дуро бо як каманд дар ду сар баст ва раҳо кард. Онҳо чанд рӯз чариданд. Боз аз сари девор париданд. Ба шах часпиданд ва ба ҷое фуромаданд, ки одам намефуромад. Ҳарчанд «маҳ-маҳ»-у «биё-биё!»
карданд; алафу йем нишон доданд, набаромаданд. Соҳиб писаракеро ресмон бар камар баст ва нишеб фуровард, то бузғолаҳоро дошта барорад. Онҳо аз омадани писараки ларзон хӯсида аз шах париданд баробар... Соҳиб «воҳ!» гуфту каманд раҳо кард ва писарак бо майли вазни хеш низ парид бар асари дугонагиҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё