Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вале касе чизе шоёну аён карда наметавонист; зеро дар ҷое гарди орд, ё дар гӯшае лахт, ё порайи суфра ба назар намерасид. Танҳо Ӯ медонист ҳама қиссаҳоро. Суфрайи аввал, ки ба андозайи себ хамирмояйи хушк дошт, як чумча гарди орд ҳам дошт. Суфраҳойи дигар холӣ ва харобтар аз он буданд, ки гарди орд доштанду хамирмоя надоштанд. Ва Ӯ ҳар суфраеро, ки бо ҳазор таҳлукаву тарсу ваҳм аз ошхона ва ё амбори холиву сари хамма медуздид, тарсону ларзон то хона оварда, бар суфрайи аввал метакид, то як фатир шавад, аммо суфрайи нахуст аз дигар суфраҳо фақат гарди орд мегирифт. Ӯғамӣ мегашт, ки номи суфрадуздро мебардорад, вале даҳонаш ба нон намерасад. Суфра метаконду дар хамма рах мезад, ки рӯзе расад, суфраҳоро бар аробае бор карда парчи пули деҳа мебарад ва ба ҳар кас мефармояд, то суфраашро шинохта бигирад ва аз гуноҳи ӯ гузарад. Аммо чунин фурсат нарасида суфрадузд бемор шуд ва аз миёни суфраҳо чандеро баргузида, канор гузошт ва Сӯфиро даъват карда, узру маънӣ гуфт:
«Ман пургуноҳтарин одами рӯйи Замин. Агар дар Олам як нодор гузашта бошад – ман... Аз кори ман сагҳо бадном буданд ва кушта шуданд. Қариб дар деҳа саг намонд. Вале ман ҷиқ нагуфтам. Агар гӯям пештар аз сагҳо мемурдам. Пай мебарам, ки рӯзам буд шудааст... Чанд суфраро ҷудо кардам.
Кафанӣ... Сӯфиҷон! Рӯзи мурдаам ба мардум эълон кунед, ки ҳар кас суфраашро шинохта гирад... Гӯед аз гуноҳам гузаранд. Ба соҳибони суфраҳойи кафаншуда бигӯед: «Чорайи дигаре надошт». Барака ёбед, Сӯфиҷон!»
7.06.07. Амондара.

ОДАМИ РОСТ
Дуздон хонаеро тохтанд. Неъмати ростгӯй дид. Дуздон ӯро чун дузд доштанд ва сахт гирифтанд: «Ҳар чӣ соҳиби хона пурсад «ҳа» бигӯй!»
– Ту задӣ хонайи маро?
– Ҳа!
– Ту хӯрдӣ шикамбайи рӯғанро?
– Ҳа!

пешина
аз 344
навбатӣ