Зеҳн
ЗАН ВА ДЕВ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 16 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Рӯзи баҳорон будаст, Олам гулистон будаст.
Харгӯш гуфтааст кобам, Ба худ ошное ёбам, Ошною дӯсти дилхоҳ Ки бошад доим ҳамроҳ.
Ҷаҳидасту ҷаҳидаст, Охир як аспа дидаст, Пеши вай дупо шудаст, Гӯшакаш боло шудаст.
– Салом, эй аспи зебо, Биё, мешавем ошно.
Ҷӯраи ҷонӣ кофтам, Аммо ҳанӯз наёфтам.
Аспак ҳам танҳо будаст, Аз ҳама ҷудо будаст.
Ба вай гуфтаст: – Ман розӣ, Бо ҳам мекунем бозӣ.
Пас аз ин бозӣ карданд, Ҳай тозӣ-тозӣ карданд, Паймон бастанд, ки бо ҳам Бошанд дӯстони ҳамдам.
Фасли тирамоҳ омад, Як абри сиёҳ омад, Рӯи хаво тира шуд, Табъи дӯстон хира шуд.
Шамоли хунук вазид, Аз он харгӯшак ларзид.
Асп гуфто: – Харгӯш, биё, Мекашонем хасу коҳ, Аз хунукӣ намурем, Ғами фардоро хӯрем.
Ин ба харгӯш нафорид, Паси гӯшашро хорид.
Дар дил гуфт: – Диҳӣ азоб, Мекунам ман туро боб.
Асп аз кӯҳу аз дара Хасу янтоқи сара Пеши як ғори калон Як дарза оварда монд.
Гуфто: – Дӯсти меҳрубон Зуд бош, алав дар гирон.
Он дам шӯъла зад гулхан, Ҳама ҷо гардид равшан.
Аспак аз оташ тарсид, Пуштнокӣ ба ғор афтид.
Ногоҳ ду пояш хам шуд, Ба буттае маҳкам шуд.
Харгӯшак ин ҳолро дид, Аз лаби ҷар бипарид.
Гуфт: – Пои пеша сар деҳ, Мешавад аҳволат беҳ.
Зӯр зану зӯр, бародар, Сонӣ ба боло бипар.
Чун поҳоша сар дод, Якбора поин афтод.
Боз навдаи дигар дид, Ба дандон сахташ газид.
Чун газид он навдаро, Муаллақ шуд дар ҳаво.

пешина
аз 16
навбатӣ