ЗАН ВА ДЕВ

Каҷчашмак аз боло гуфт.
Ба аспаки ҳаво гуфт:
– Хоҳӣ дучандон қувва, Каш аз таҳи дил шиҳа.
Қувва дучандон шавад Кори ту осон шавад.
Асп чун даҳонаш бикшод, Аз он баландӣ афтод.
Афтоду шуд сад пора, Аз чора буд бе чора.
Харгӯш, ки ин ҳола дид, Ба пӯсти худ нағунҷид, Ҷасту ҷасту дав-давон Ҳозир шуд пеши чӯпон.
Ҳамин, ки чӯпонро ёфт, Фарёд зад: – толеат тофт!
Ана, нигар дар он сӯ Намоён аст баланд кӯҳ.
Аз кӯҳ, ки кардӣ гузар, Мебинӣ он ҷо як ҷар.
Дар он ҷо асп афтидаст, Худо оҳат шунидаст.
Аз пӯсташ усто ба ту Дӯзад чоруқи хушрӯ, Ё ки кафши булғорӣ, Зимистон чӣ ғам дорӣ?
Биштоб, биштоб он тараф Аз пӯсташ кун бартараф.
– Ташаккур, дӯстам, харгӯш, Акнун маро бикун гӯш.
Ин ҷо ҳам зоғи ало,
Ба сарам орад бало.
Пушти говон он золим
Нӯл мезанад ҳар доим.
Говҳои ман беморанд,
Пушташон ярадоранд.
Харгӯшак бо сад найранг
Кард сари чӯпон гаранг:
Ман посбонӣ кунам гуфт,
Подабонӣ кунам, гуфт.
Ҳар ҷо харгӯшҷон бошад,
Олам гулистон бошад.
Бирав тезтар, эй чӯпон,
Аз пӯсти аспак намон.
Чӯпон ҳам шодикунон
Ба сӯи ҷар шуд равон.
Гуфт: – Говҳома назар кун,
Зоғ биёяд, хабар кун,
Харгӯшак ба завқ хандид,
Аз он ҷо шуд нопадид.
Ҷасту давид сӯи боғ,
Ҳозир бишуд пеши зоғ.
Гуфто: – Зоғаки ало,
Нишастӣ ором чаро?
Аз чарогоҳ рафт чӯпон,
Бепаноҳ монданд говон,
Зудтар бипар, накун дер
Шикамчата бикун сер.
Зоғак сарашро ҷунбонд,
Қар-қаркунон сухан ронд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё