ЗАН ВА ДЕВ

Онҳо бо ҳам даст ба даст гирифтанду рақсиданд. Офтоб бошад шуоҳои зарини худро ба рӯи бачаҳои шоду масрур пош медод, то дӯстии онҳо боз ҳам гармтару қавитар гардад.
ЧАРО ЛАБИ ХАРГӮШАК
КАФИДУ ШУД ЧОР БӮЛАК
Эй гулрухони хола,
Ширинакони хола,
Навиштаам афсона,
Гӯш кунед бе баҳона.
Дар бораи гургак не,
Нақли Тоқисурхак не,
Не хирси сари ҷанҷол
Не рӯбоҳи думғирбол,
Афсонаи ҷудо соз,
Не кӯтоҳу не дароз,
Дар бораи харгӯши
Думкалтаи гӯшдароз.
Кӣ медонад, ки чаро
Каҷчашмаки думкӯтоҳ
Ба қаҳқаҳа хандидаст,
Лаби ғафсаш кафидаст?
Хола қурбони шумо,
Садқаи ҷони шумо,
Даме нишинед хомӯш,
Афсонаро кунед гӯш.
Харгӯшак танҳо будаст,
Бе дӯсту ошно будаст,
Аз хӯю гиру дораш,
Аз найрангу рафтораш
Безор буданд харгӯшҳо,
Хурду калони он ҷо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё