Зеҳн
ЗАН ВА ДЕВ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 16 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Вале ҳамоно шохаҳои паҳни сабз ба замин пайваста, ба гулистони афсонавие табдил ёфтанд. Шамол аз ин зебоӣ моту маҳбут шуда, дар ҷои худ сокит монд ва Офтоб Саодатро рост ба шаҳри зебо овард.
Дар маркази шаҳр бинои боҳашамате ҳаст, ки «Хонаи пешоҳангон» ном дорад. Ана дар ҳамин ҷо маҳфили бисёр аҷоибе кор мебарад, бо номи «Пионерфилм».
Ин маҳфил филмҳои бисёреро аз ҳаёти хонандагон ба навор гирифтааст ва яке аз филмҳои мазҳакавии онҳо, ки ба мукофоти баланд сазовор шудааст, «Табассум» ном дорад.
Бачаҳо дар тахтае, ки рӯи он бо ҳарфҳои калон «Аввал табассум кун, баъд гузар» навишта шудааст, садди роҳи мардум мешаванд, то ки ҳолатҳои гуногуни мардумро ба навор гиранд. Яке худ ба худ табассум мекунад, дигаре аввал бадқаҳр мешаваду баъд табассум мекунад, сеюмин забон нишон медиҳад, баъд механдад. Хулоса, табассумҳои гуногун ба навор гирифта мешавад.
Инак, чӣ шуду Саодати мо ҳам ба навори «Пионерфилм» дармонд. Саодат дод гуфт, ки ӯро зудтар наҷот диҳанд, вале эҷодкорони ҷавон гуфтанд:
«Аввал табассум кун!».
Саодат аввал табассум карду баъд чунон хандид, ки аз шиддати ханда чашмонаш барқ пошиданд ва ҳар барқ ба ситорачае табдил ёфт.
Он гоҳ Саодат аз навор баромада ба ҳар яки иштирокчӣ яктоӣ ситора тақдим кард ва орзу намуд, ки чӣ миқдоре ҳамин дам ситора тақдим гардид, шумораи филмҳояшон ҳамон қадар зиёд гардад ва табассуму бахту саодат ҳамеша дар чеҳраи бачаҳои ҷаҳон рахшанда бошад.

пешина
аз 16
навбатӣ