ЗАН ВА ДЕВ

Умеда бо ин зинапоя ба хона омад.
Хурсанд буд, ки додарчадор шудааст.
Субҳидам ҳама ба садои мусиқӣ аз хоб бедор шуданд. Ҳама тирезаро кушоданд ба фазо нигаристанд ва рақси шоҳпаракҳоро диданд. Табъи ҳама хуш шуд. Дигар ҳеҷ кас бо касе ҷанг намекард, асабӣ намешуд, касал ҳам намешуд. Ҳама хушбахт, ҳама хурсанд, ҳама суруд мехонданд. Умеда ҳам суруд мехонд. Суруди алларо, додарчаашро алла мегуфт:
«Калон шавӣ, чақон шавӣ, шодон шавӣ» – мегуфт.
Сангпушт гӯё аз ин хаёлоти ширин пай бурда бошад, чашмони худро аз рӯи Умеда намеканд.
С А О Д А Т
Дар қуллаи як кӯҳи баланди Тоҷикистон духтараке зиндагӣ мекунад. Вай Саодат ном дорад. Саодат мӯйҳои дарозашро чил кокул бофта, пушти сар мепартояду ҳар субҳ, баробари пайдо шудани аввалин нурҳои офтоб, ба болои кӯҳ мебарояд.
Ӯ мӯйҳои дарози хешро баланд бардошта ба офтоб таъзим мекунад. Мӯйҳои ӯ бо нури офтоб пайваст мешаванд ва офтоб духтараки сафедаки меҳрубонро баланд бардошта, ба сайру гашт мебарад. Боре дар яке аз шаҳрҳои Қафқоз иди калони бачаҳо ва калонсолон – фестивали умумииттифоқ ташкил шуд, ки дар он намояндаҳои бисёр халқҳо ташриф оварданд. Дар як дам овозаи ин иди калон дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон паҳн шуд. Саодат ҳам хост, ки ба ин хурсандии ҳамсолонаш шарик шавад.
Саҳар ӯ барвақт аз хоб хеста, болои кӯҳ тохт.
Чил кокули худро баланд бардошт ва чун кокулонаш ба шуои офтоб пайваст гардиданд. Аз офтоб хоҳиш намуд, ки ӯро ба иди бошукӯҳ, ба он сарзамини қадимаи зебо, ба назди бачагони эҷодкору боистедод барад. Офтоб ин хоҳиши ӯро қабул намуд ва онҳо ба сайру тамошо баромаданд.
Кӯҳҳои Қафқоз ба кӯҳҳои Тоҷикистон ниҳоят монанданд. Онҳо нав ба ин кӯҳҳои осмонбӯси доманадор наздик шуда буданд, ки ногоҳ шамоли сахте бархост ва хост садди роҳи онҳо шаваду Саодатро аз ин хурсандӣ маҳрум созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё