Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Забон чун система инкишоф меёбад.
Таърихи забонро чун таърихи далелҳои аз ҳам ҷудо маънидод кардан лозим нест, зеро дар ҳар як давраи таърихӣ забон чун система вуҷуд дорад. Таърихи забон фақат чун таърихи системаи далелҳо ҷой дорад. Аз ин ҷост, ки таҷдиди нахустзабон чун азнавбарқароркунии системаи фонетикӣ, морфологӣ ва синтаксисӣ фаҳмида мешавад, ҳодисаҳои ҷудогона унсури ягонаи кулл дониста мешавад.
Структураи забон. Структурализм таълим медиҳад, ки забон маҷмуаи якхелаи бешакл набуда, структура аст ва аз воҳидҳо иборат мебошад. Ба воҳидҳо фонология, лексика, морфология ва синтаксис дохил мешаванд. Ҳар яке аз ин қабатҳо боз ба звеноҳо ва ё парадигмаҳо (садонок-ҳамсадо, зичу роғ, ҳиссаҳои нутқ, ибораву ҷумла ва хелҳои он) ҷудо мешавад. Тамоми қабатҳои забон бо ҳам алоқаи зич доранд.
Синхрония ва диахрония. Ҳумболдт қайд карда буд, ки забон чун система ҳодисаи тараққикунанда мебошад.
Соссюр қайд мекунад, ки забонро дар ду аспект – синхронӣ (ҳолати ҳозираи он) ва диахронӣ (ҳолати пештараи он) тадқиқ кардан лозим аст. Баъзе структуралистҳо дар хусуси панхронӣ (Ҳодисаи забонро умумӣ, берун аз вақт фаҳмидан, яъне гӯё умуман ба забони инсон тааллуқ дошта бошад) ва ахронӣ (Ҳодисаҳои забон вақтро ба инобат намегирад, гӯё тағйир намеёбад ва ба ҳамаи давраҳои тараққиёт як хел тааллуқ дорад) будани забон сухан меронанд, яъне гӯё забон ба ҳамаи давраҳо як хел тааллуқ дошта бошад. Ин тамоман нодуруст аст. На танҳо диахрония, балки синхрония ҳам ба забон вобаста мебошад.
Системаи аломатҳои маънодор. Ба фикри Ф. Соссюр, забон системаи аломатҳоест, ки идеяро ифода мекунад. Дар ҳақиқат забон системаи аломатҳои маънодор аст, на системаи аломатҳои шартӣ (пуч) ё код.

пешина
аз 210
навбатӣ