Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тарафҳои сусти забоншиносии сотсиологӣ аз инҳо иборат аст: 1. Ақидаи нодуруст, идеалистӣ, яъне забоншиносиро чун қисмати «психологияи сотсиалӣ»
шуморидан. Психологияи сотсиалӣ «илми» беасос аст, зеро майна ва психикаи сотсиалӣ вуҷуд надорад. Забон на танҳо ҳодисаи психикӣ, балки ҳодисаи ҷамъиятӣ ва физикӣ ҳам мебошад. 2. Ба тарзи механикӣ (сатҳӣ) таърихи забонро ба «берунӣ» (таърихи халқ) ва «дохилӣ» (инкишофи худи системаи забон) ҷудо намудан. Танҳо дар ҳолати забон ва қонунҳои инкишофи онро бо таърихи худи халқ якҷоя омӯхтан ба хулосаҳои дуруст омадан мумкин аст. 3.Ба ҳам муқобил гузоштани нутқ чун ҳодисаи индивидуалӣ ва забон чун ҳодисаи сотсиалӣ. Маълум аст, ки дар нутқи фард – системаи забонии қабул кардаи ҷамъият, ки асоси нутқ ва системаи он мебошад, ифода меёбад.
Дар натиҷаи нодуруст муқобил гузоштани «нутқ» ва «забон» Соссюр хулосаи ғалат бароварда таъкид мекунад, ки «забон» бе соҳибонаш ҳам вуҷуд дошта метавонад, зеро вай ба «психологияи сотсиалӣ» дахл дорад. 4.Чун воситаи алоқа ҳодисаи сотсиалӣ будани забонро ба асос гирифта Антуан Мейе ба чунин хулосаи ғалат меояд, ки гӯё забоншиносӣ як қисмати сотсиология бошад.
Илми мустақиле, ки объекти тадқиқотӣ ва методҳои зарурии тадқиқотӣ дорад, чун қисмати илми дигар шуданаш мумкин нест, аз ин рӯ, фикри Антуан Мейе ба куллӣ ғалат аст.
Дертар якчанд мактаби забоншиносӣ ба вуҷуд омад, ки бо роҳу равишҳои гуногун илми забонро меомӯхт ва инкишоф медод. Аз ҷумла, дар инкишофу бесобиқа доштани риштаҳои муштараки илмии назири лингвофолклористика, лингвистикаи компютерӣ, лингвокултурология, забоншиносии когнитивӣ, этнолингвистика, юрислигнвистика, лингвистикаи корпускалӣ, барномарезии нейролингвистӣ ва ғ.

пешина
аз 210
навбатӣ