МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Супориш: Мутолиа ва ёддошт намудан доир ба забоншиносии охири асри XIX ва аввали асри XX
Мавзуи 15.
Мактаби забоншиносии Қазон ва Москва. Консепсияи лингвистии Соссюр Нақша:
1.Мактаби забоншиносии Қазон 2.Фортунатов Ф.Ф. ва мактаби забоншиносии ӯ 3.Консепсияи лингвистии Ф. де Соссюр.
Мактаби лингвистии Қазон
Дар охири асри ХІХ баробари инкишофи ҷамъият дар Россия илм ҳам тараққӣ мекунад ва инкишоф меёбад. Дар ин давра дар Россия ду мактаби забоншиносӣ ҷой дошт, ки яке аз он мактаби лингвистии Қазон буд. Ин мактаб асосан ба номи забоншиноси машҳур Бодуэн де Куртенэ (1845- 1929), ки солҳои 1875-1883 дар университети Қазон дарс гуфтааст, сахт алоқаманд мебошад. Асарҳои машҳури ӯ инҳоанд: «Баъзе мулоҳизаҳои умумӣ доир ба забоншиносӣ ва забон» (1871), «Таҷрибаи назариявии ҷойивазкунии фонетикӣ» (1895), «Забоншиносӣ ва ё лингвистикаи асри ХІХ» (1901), «Қайдҳои лингвистӣ ва афоризмҳо»
(1903), «Муқаддимаи забоншиносӣ» (1917).
Иван Александрович Бодуэн де Куртенэ соли 1845 дар Полша таваллуд ёфтааст. Гузаштагони олим фаронсавӣ буда, дар асри ХVIII ба Полша кӯчида омадаанд. Қисми зиёди умри худро Бодуэн дар Россия гузаронидааст.
Маълумоти аввалинро дар Варшава гирифтааст. Солҳои 1862-1866, ҳангоми мактабхонӣ забонҳои славянӣ ва забони гуфтугӯии литовиро ёд мегирад. Соли 1867 дар Университети Иене лексияи Шлейхерро шунида, дар Берлин санскритро омӯхтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё