МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Моҳияти забоншиносии сотсиологиро чунин баён кардан мумкин аст: Забон ҳодисаи ҷамъиятӣ аст, аз ин рӯ, берун аз ҷамъият вуҷуд надорад ва берун аз ҷамъият имконпазир будани нутқ ҳам мумкин нест. Пас, забонро чун ҳодисаи ҷамъиятӣ дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои дигари ҷамъиятӣ омӯхтан ба мақсад мувофиқ аст. Баробари ин забонро аз ҳодисаҳои дигари ҷамъиятӣ фарқ кунонидан лозим аст. Дар ин бора асосгузори ин ҷараён Соссюр чунин гуфтааст: «Забон ҳодисаи ҷамъиятӣ аст, вале вай бо бисёр аломатҳои худ аз ҳодисаҳои ҷамъиятии дигар, аз қабили сиёсат, ҳуқуқшиносӣ ва ғайра фарқ мекунад».
Забон чун воситаи муносибат ҳодисаи соф психикӣ нест, зеро ҳодисаи психикӣ воситаи алоқаи байни одамон шуда наметавонад. Забон барои он воситаи алоқа шуда метавонад, ки аломатҳои он хосияти физикӣ доранд, яъне онро шунидан ва талаффуз кардан мумкин аст, вале калимаи тасаввуркарда ин гуна хосият надорад, онро на шунида метавонем ва на талаффуз карда.
Забон аз системаи аломатҳо (калимаҳо) иборат аст. Ин аломатҳо чун унсури система дорои маънӣ мебошанд.
Аломатҳои забон нисбат ба чизи ифода мекардагиаш шартӣ буда, вале нисбат ба гӯяндааш шартӣ ва бемаънӣ нест.
Чун системаи аломатҳои шартӣ забон дар ҷамъияти худ чун анъана аз насл ба насл мегузарад ва фаъолияти нутқкунии фардро муайян мекунад. Мисли фолклор дар забонҳо ҳам навигариҳоро (калимаҳоро) шахсони ҷудогона ба вуҷуд меоранд, дар байни ҷамъият паҳн мешавад, вале ҳамонаш дар забон мемонад, ки халқ онро қабул кунад.
Пас, ҳукми асосӣ дар дасти ҷамъият, халқ мебошад.
Шахсони ҷудогона бо ихтиёри худ аломатҳои забонро (калимаро) сохта, тағйир дода наметавонанд. Аз ин маълум мешавад, ки инкишофи забон ва тағйиротҳои онро ҷиҳатҳои психологӣ ва физиологӣ (Онҳо дар ҳама гуна ҷамъият ва дар ҳама ҷо як хеланд) не, балки шароити ҷамъиятӣ-таърихӣ муайян мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё