Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин таъкид намудани мустақилияти илми забоншиносӣ ва мураккабии объекти он буд.
Ҳамин тариқ, характери ҷамъиятии забонро ҳамаи забоншиносони номии ин давр – Бодуэн де Куртенэ, Фортунатов, Соссюр, Сепир, Мейе, Ш.Балли ва дигарон таъкид мекунанд.
Дар ин давра якчанд мактабҳои забоншиносӣ мавҷуд буд, ки бо роҳу равишҳои гуногун илми забонро меомӯхт ва инкишоф медод.
Ба ҷараёнҳои нави лингвистӣ олимон Гуго Шухардт, Потебня, Бодуэн, Соссюр, Есперсен, Жилерон, Асколи ва дигарон дохил мешуданд. Ана ҳаминҳо ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави тадқиқи лингвистика сар карданд.
Дар ин давра аксари олимон омӯзиши забонро ба ҷамъият вобаста намуда бошанд ҳам, баъзеҳо аз қабили Марти, Гинникен, Бюлер заминаи забонро дар психология, Кассирер, Гуссерл дар мантиқ, Кроче, Фосслер дар эстетика ҷустуҷӯ карданӣ мешуданд.
Ҷараёни сотсиологӣ. Маълум аст, ки ҷавонграмматикҳо забонро чун системаи тасаввуроти фард медонистанд, вале ҷараёни нав – ҷараёни сотсиологӣ функсияҳои ҷасмъиятии забонро ҳамчун воситаи муносибат қайд мекунад. Ин тамоюл дар кори Леви-Брюл заминаи фалсафӣ ва дар корҳои забоншинос Гуго Шухардт бунёди сотсиологӣ пайдо карда бошад ҳам, асосгузори ҷараёни нав – ҷараёни сотсиологӣ Фердинандт де Соссюр ва шогирди ӯ Антуан Мейе шуморида мешаванд. Ҳаминҳо ба ҷараёни нав истилоҳи «Забоншиносии сотсиологӣ» ном ниҳодаанд. Забоншиносони франсуз Жозеф Вандриес (1875-1965), Шарл Балли (1865-1947), Албер Сеше (1870- 1956), норвег Алор Соммерфелт ва америкоӣ Эмил Бенвенист (1902-1977) низ ба ҳамин ҷараён дахл доштанд.

пешина
аз 210
навбатӣ