МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Кашфиётҳои ҷавонграмматикҳо доир ба фонетика ҳам ҷолиби диққат буд: то онҳо дар санскрит мавҷуд будан се садонок (а, и, у) эътироф карда шавад, онҳо садоноки чорум э-ро илова карданд, дар нахустзабон баробари решаи якҳиҷогӣ мавҷуд будани дуҳиро (аз они Соссюр) қайд карданд.
Дар омӯзиши муқоисавӣ-таърихии забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва гурӯҳҳо дигар низ ҷавонграмматикҳо корҳои шоён кардаанд. Ба ин асари Бругман ва Делбрюк «Асосҳои грамматикаи муқоисавии забонҳои ҳиндугерманӣ» (1886), ки се ҷилди аввал – қисматҳои фонетикаву морфологияро Бругман ва се ҷилди охир – синтаксиро Делбрюк навиштааст, дохил мешавад.
Бояд қайд кард, ки асоси илмии фонетика аз ҷавонграмматикҳо сар мешавад.
Хулоса, ҷараёни психологизм ва махсусан ҷавонграмматикҳо ба бисёр масъалаҳое, ки дар назди забоншиносии нимаи дуюми асри ХІХ меистод, ҷавоб дод:
- методикаи забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ то андозае аниқ карда шуд, 2) дар назди лексикология ва грамматикаи функсионалӣ-семантикӣ проблема гузошта шуд, 3) муносибати забону нутқ то андозае муайян гардид, 4) забон на танҳо чун ҳодисаи индивидуалӣ-психологӣ, балки чун ҳодисаи маданӣ-таърихӣ муайян карда шуд.
Тадқиқоти забоншиносони ин давр ба инкишофи забоншиносии минбаъда асос ва ё сабаб шуд. Баробари ин дар кори забоншиносони ин давр чунин норасоиҳо мушоҳида мешавад: 1) консепсияи лингвистии онҳо характери субъективӣ-идеалистӣ дошт, зеро асосан ба масъалаҳои ва ё ҳодисаҳои ҷудогона диққат медоданду халос. 2) ҷавонграмматикҳо сабаб ва қонуни тағйири забонро на ба тараққиёти ҷамъияти инсон, балки ба психикаи шахси ҷудогона вобаста менамуданд. 3) онҳо моҳияти забонро ба воситаи индивидуализм ва психологизм муайян мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё