Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. ҷавонграмматикҳо ба омӯзиши семасиология, синтаксис ва лексикология бисёр кам диққат медоданд. 5) масъалаҳои умумии забоншиносӣ аз қабили моҳияти забон, вазифаҳои ҷамъиятии он, муносибати байни тадқиқи таърихи забону омӯзиши имрӯзаи он, масъалаи забони адабӣ, алоқаи забоншиносӣ бо илмҳои дигар мавриди тадқиқи онҳо нагардидааст.

Супориш: Ёддошт намудани ақидаҳои ҷавонграмматикҳо
доир ба забоншиносӣ

Мавзуи 14.

Забоншиносии охири асри XIX ва аввали асри XX

Нақша:

  1. Забоншиносии охири асри XIX ва аввали асри XX.
  2. Моҳияти ҷараёнҳои неограмматизм ва сотсиологӣ дар забоншиносӣ.
  3. Муносибати забон бо дигар ҳодисаҳои иҷтимоӣ.
  4. Низоммандии аломатҳо будани забон.

Дар охири асри ХІХ ва оғози асри ХХ якчанд ҷараёнҳои лингвистӣ ба амал меояд, онҳо ба муқобили ақидаҳои забоншиносии ҷавонграмматикҳо ва методҳои тадқиқотии онҳо баромад карда онро догма мешуморанд ва таъкид мекунанд, ки дастуру пешниҳодҳои онҳо доир ба забон ба пешравии илми забоншиносӣ халал мерасонад.
Ба забоншиносии охири асри ХІХ ва аввали асри ХХ на танҳо инкори биологизми Шлейхер ва индивидуализми психологии Паул, балки таъкид намудани мустақилияти системаи забон ва лингвистика, инчунин муайян намудани моҳияти системаи забон ва таснифи фанни лингвистика хос мебошад.

пешина
аз 210
навбатӣ