Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар асоси ҳамин маҷмуи қоидаҳо ҷавонграмматикҳо кашфиётҳои зиёде доир ба забоншиносии ҳиндуаврупоӣ кардаанд.
Пеш аз ҳама назарияи Шлейхер доир ба хешигарии забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва шаҷараи забонҳои ӯ ба шубҳа мононда шуд. Мувофиқи ақидаи Шлейхер гӯё немисҳо, балтикиҳо ва славянҳо аз ҳама пештар аз қабилаҳои дигари ҳиндуаврупоӣ ҷудо шуда рафта бошанд. Аз қабилаҳои боқимондаи ҳиндуаврупоӣ аз ҳама дертар келтҳо, италянҳо ва юнониҳо чун халқи алоҳида ҷудо шудаанд. Ҳамин тариқ, ба фикри Шлейхер, дар забони ҳиндуаврупоиҳои гурӯҳи шарқӣ хусусияти архаистӣ зиёдтар, вале дар ғарбӣ камтар боқӣ мондааст.
Соли 1872 забоншиноси немис Иоган Шмидт (1843- 1901) дар асари худ «Муносибатҳои хешии забонҳои ҳиндуаврупоӣ» бар зидди ин фарзияи Шлейхер мебарояд.
Ба фикри ӯ, шохаи славянӣ-балтикӣ аз Ғарб бо немисӣ ва аз Шарқ бо ҳиндуэронӣ алоқаи зич дорад. Забони юнонӣ бошад, байни ҳиндуэрониву италянӣ меистад. Шмидт ба шаҷараи забонҳои Шлейхер «назарияи мавҷ»-и («волновая теория») худро пешниҳод мекунад. Мувофиқи ин назария забонҳо ба мисли мавҷи об аз маркази худ дур шудан мегиранд. Забони аз ҳама дар канортари мавҷ ҷойгирифта забони нисбатан нав аст ва бо забони марказ кам умумият дорад. Ҳар як шохаи забон бо ду шохаи дигар наздикӣ дорад. Масалан, забонҳои эронӣ аз як тараф бо ҳиндӣ ва аз тарафи дигар бо славянӣ, балтикӣ бо славяниву германӣ, германӣ бо балтикиву келтӣ, келтӣ бо германиву италянӣ ва италянӣ бо келтиву юнонӣ наздикӣ дорад.

пешина
аз 210
навбатӣ