Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷаи мушоҳидаи лаҳҷаҳои гуногун ҷавонграмматикҳо ба нахустзабон ва сабаби ба вуҷуд омадани забонҳои хеш шубҳа мекунанд. Гӯё нахустзабон ҳам ба мисли лаҳҷаҳои ҳозира (дар асоси аналогия) ба шеваҳо ҷудо мешудааст. Онҳо ба қонунҳои фонетикӣ (физикӣ) ва аналогия (психологӣ) ҳамчун ду қувваи таъсиррасон ба нутқи инсон аҳаммият дода буданд.
Қонуни фонетикӣ се аломатро дарбар мегирад: аломати якум характери материалӣ, овозӣ ва ба маъно вобаста набудани он аст. Қонуни овозӣ гуфта бо таъсири овозҳои ҳамшафат, мавқеъ ва зада тағйир ёфтани овозҳоро меноманд. Аломати дуюми қонуни фонетикӣ мунтазамӣ ва якхелагии тағйироти овозӣ аст. Ҷорӣ шудани мафҳуми қонуни овозӣ, омӯзиши қонунҳои овозҳои забонҳои гуногуни ҳиндуаврупоӣ ба муайян намудани аломати сеюми қонуни овозӣ – ҷиҳати иҷтимоии овозҳо, ёрӣ расонид. Агар тағйироти овозӣ бешуурона ба амал ояд, маънои калима ва тағйири он ба шуури одамон, психикаи онҳо ҳатман таъсир мерасонад. Қонуни аналогия аз эътирофи фаъолияти нутқкунии гӯянда бармеояд.
Ҷавонграмматикҳо ба тағйири маънои калима диққати махсус медоданд. Ин тағйирот барои он ба амал меояд, ки истифодаи шахсӣ (индивидуалӣ) ва маънои калима дар забон пурра мувофиқат намекунад. Бо вуҷуди норасоиҳо назарияи ҷавонграмматикҳо назар ба забоншиносии пештара қадаме ба пеш буд. Ин дар чӣ зоҳир мегардид: 1) диққати махсус додан ба забонҳои зинда ва лаҳҷаҳои он ва аз рӯйи ин далелҳо ба ҳодисаҳои забонӣ баҳо додан, 2) ба ҳисоб гирфитани унсурҳои психологӣ дар ҷараёни муносибат ва махсусан тағйири забонҳо (роли анология), 3) эътироф намудани мавҷудияти забон дар ҷамъияти бо он гапзананда, бо вуҷуди аз ҷиҳати илмӣ муносибати индивидуалӣ ва ҷамъиятии забонро муайян карда натавонистанашон, 4) диққати махсус додан ба тағйиротҳои овозӣ, яъне ба ҷиҳати материалии нутқи инсон, 5) кӯшиши сабабҳои қонуният ва мафҳуми қонунро ба материали забон ҷорӣ намудан.

пешина
аз 210
навбатӣ