Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ғайр аз ин фаъолияти психикию физикии одамон ҳангоми аз худ кардани забони меросмонда ва эҳёкуниву азнавнависии овозҳо дар шуур дар тамоми давраҳо ба тағйирот дучор намешавад.
Ҳамин тариқ, чизи асосӣ дар муайян намудани моҳияти забон барои ҷавонграмматикҳо индивидуализм ва психологизм буд. Герман Паул дар асари худ «Принсипҳои таърихи забон» ҳодисаҳои забонро аз рӯйи фаҳмиши психологии Штейнтал муайян намудааст. Ба фикри ӯ, манбаи фаъолияти психикӣ ин каллаи гӯянда мебошад.
Нотиқ сарчашмаи объекти омӯзиши ҷавонграмматикҳост.
Албатта, нутқи индивид ифодави мушаххаси нутқи умумихалқист. Камбудии ҷавонграмматикҳо он буд, ки тадқиқи ҳодисаҳои забониро пурра аз рӯйи нутқи шахси ҷудогона мегузарониданд. Ба ақидаи онҳо, нутқи халқ ва ҳатто лаҳҷаҳо сафсатта асту халос, чизи воқеӣ нутқи шахси ҷудогона мебошад, аз ин рӯ, нутқи худро тадқиқ кардан ҳамчун чизи маълум беҳтар аст.
Онҳо индивидуализмро ба асос гирифта, сабабҳо ва қонунҳои тағйироти забонро дар инкишофи ҷамъияти инсонӣ не, балки дар психикаи шахси ҷудогона ҷустуҷӯ мекарданд.
Ҷавонграмматикҳо ба лаҳҷаҳо диққати махсус додаанд, зеро ба фикри онҳо, 1) шеваҳо забони зинда буда, ҳақиқати забонро табиӣ ва қонунӣ нишон медиҳанд, 2) шеваҳо ҳақиқати забонро пурра нигоҳ медоранд ва дар баъзе мавридҳо манбаи ягона мебошанд, ки ҳатто дар забони хаттӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
Ҷавонграмматикҳо ба омӯзиши ҷиҳати таърихии забон низ аҳаммият додаанд, вале ба предмети омӯзиши таърихи забон танҳо маводҳои ба қайд гирифташударо дохил карда, фарзияҳоро доир ба нахустзабон ба эътибор намегирифтанд.

пешина
аз 210
навбатӣ